МУБОРАК БОД! Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров узви Шӯрои коршиносони иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров дар ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) узви Шӯрои коршиносони иқтисодии ин созмони бонуфуз интихоб гардид.
Ҷаласаи АБП ИДМ 29 ноябри соли равон дар толори Думскийи «Қасри Таврия» дар шаҳри Санкт Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарони ҳайатҳои миллии давлатҳои аъзои Иттиҳод, аъзои Шӯрои Федератсия ва вакилони Думаи давлатӣ иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа аъзои Шӯро як зумра қонунҳо ва тавсияҳо, аз ҷумла тавсияҳо «Оид ба беҳтар намудани сифати таҳсилот дар давлатҳои аъзои ИДМ»-ро тасдиқ намуданд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
ФАҚЕРОВ Ҳамидуллохон Нуриддинович 13 феврали соли 1959 таваллуд шуда, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1980 факултаи банақшагирӣ ва иқтисодии ДМТ-ро хатм кардааст.
Аз соли 1980 то соли 2002 ба ҳайси иқтисодчӣ дар филиали Институти илмӣ-тадқиқотии умумииттифоқӣ дар Тоҷикистон, аспирант, ходими калони илмӣ, сардори шуъба дар филиали Институти илмӣ-тадқиқотии умумииттифоқӣ дар Тоҷикистон, муаллими калон, муовини декан, декан ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Соли 2002 ӯ Раиси Шӯрои ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Солҳои 2002-2008 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд. Ҳамчунин солҳои 2008 — 2017 дар маснади сардори шуъбаи маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
15 марти соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров дубора ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Ӯ соли 2004 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори истеъмолӣ дар шароити гузариши иқтисодӣ» ҳимоя кард.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯ аз аввалинҳо шуда, аз сентябри соли 2005 гурӯҳҳои пилотии низоми таҳсилоти кредитиро ифтитоҳ кард.
Воридшавии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути истифодаи технологияи таҳсилоти кредитӣ талаботи замон аст.








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






