Нақши сулҳу ваҳдати аҳли башар дар Паёми Пешвои миллати тоҷик

Декабрь 29, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 29.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми мамлакатро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохтанд. Ин нуктаро мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёри ҚУТБИДДИН     чунин шарҳ медиҳад:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як анъанаи роиҷ ва самтбахшандаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба сифати роҳнамо барои тамоми сокинони кишвар арзишу аҳамият дорад.

Халқ ва миллат низ ҳамсони як оилаанд, ки Пешвову роҳбари он низоми зиндагияшонро таъмин менамояд. Оилаи тифоқе, ки ба гуфтаҳои роҳбари оқили оила амал менамояд, ҳамеша дар байни ҷомеа нуфузу эътибор дорад. Тоҷикистон низ ҳамсони як оилаи намуна дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон бо иттифоқу ваҳдати худ соҳибобрўст. Зеро халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои худ дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагии бомаром дорад. Ин бардошт барои мо бештар аз ироаи Паёми имсола бармеояд. Гумони инҷониб он аст, ки Паёмро аксар сокинони кишвар бо таваҷҷуҳу  диққати хос диданду гўш карданд. Ҳамагӣ чанд дақиқа аз хатми Паём нагузашта, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз оҳанги ҳамовозӣ ба сиёсати Пешвои миллат гардиданд. Ин падида хеле хушоянд аст ва далели як оилаи намуна будани тоҷикон мебошад.

Ҳифзи сулҳ барои тоҷикон вазифаи муқаддас аст

Нуктаи муҳим дар Паёми имсола сиёсати байналхалқиву сулҳу суботи минтақаву ҷаҳон буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо халқи худ, балки дар доираи мушаххас халқҳои сайёраро ба сулҳу ваҳдат даъват карданд. Мантиқи Паём дар маҷмўъ вобаста ба ин масъала он буд, ки шукр, мо сулҳи худро ба даст овардаему онро ҳифз мекунем, аммо ин гуна сулҳро дар тамоми рўи сайёра дидан мехоҳем.  Пешвои миллат аз оғоз миллатдўсту сулҳпарвар буданд ва ин шеваи сиёсаташон то ҳанўз ҷараён дорад. Идеология ва стратегияи  давлатдории мо сулҳсозиву нигаҳдории сулҳ буд ва ин сулҳ тамоми чизҳои некро ба мо тақдим карда истодааст. Ҳифзи сулҳ барои тоҷикон вазифаи муқаддас аст. Тоҷикистон аз рўи ҷойгиршвии ҷуғрофӣ ҳамчун як гузаргоҳи тамоюлоти манфӣ аз хориҷ ба минтақаи Осиёи Марказиву ИДМ ва ҳатто Аврупо мебошад, ки ин нукта дар Паём зикр гашт. Геополитикаи ҷаҳонӣ асрҳо боз дар атрофи Осиёи Марказӣ тор танидан мехоҳад ва Тоҷикистон дар саргаҳи он қарор дорад. Андаке ғафлату ҷаҳолат кифоят мекунад, ки кишвари мо дар як они воҳид ба маркази ташаннуҷ табдил ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки  бо таҷрибаи давлатдорияшон ҳамаи хатарҳои глобалиро дарк менамоянду таҳлилу ташхис карда метавонанд. Оҳанги ҳушдор ба ҳар як шахси заковатманд ишора аз он менамояд, ки мо бояд ғофилу бетафовут набошем Ин нуктаро Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкид карда гуфтанд, ки «шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст».

Экстремизму терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд

Дар ҳақиқат ҷаҳони имрўзаро на сиёсати ғосибонаи ошкор, балки сиёсати махсус дар шабаҳи тероризму экстремизм идора кардан мехоҳад. Экстремизму терроризм  дар паси пардаҳо ҷонибдорону омилони худро доранд, ки махсус тарҳрезӣ мегарданду бо истифода аз ҷаҳолати баъзе афрод амалӣ мешаванд. Ин хатар ба тамоми мамолики ҷаҳон таҳдид дорад ва касе набояд нисбат ба ин масъала бефарқу бетафовут бошад. Калисову масоҷид, бозору мағоза, фурудгоҳу дигар ҷойҳои серодам маркази амалӣ гардонидани ин амалҳои сиёҳ гардидаанд. Ин хатар бо он ки афзоиш дорад, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин нукта низ дар Паёми имсола зикр гардид: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам». Дуруст аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муқобили ин тамоюли манфӣ мубориза мебарад. Ин дард танҳо хоси кишварҳои ақибмондаву ҷангзада нест ва боамнтарин кишварҳои соҳибсармояву тавоно дар ин роҳ талош доранд. Мутаассифона, ин ҷараён шиддат дорад ва дурнамои мушаххаси он маълум нест, ки бо чӣ анҷом меёбад: «Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад. …Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Бо назардошти  ин паҳлў аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат мақомоти дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Роҳбари давлат ба масъалаи сулҳу суботи кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз як равзанаи маҳдуд назар надоранд ва чун як сиёсатмадори шинохта сарчашмаҳои рушди инкишофи ин хатарҳоро дар суханронии худ таъкид намуданд: «Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад». Аз назари Пешвои миллат дар ин масъала ягон ҷузъиёт дур намемонад.

Суботу оромии Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст

Маълум аст, ки Тоҷикистон сарҳади тўлоние бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон дорад. Яъне тавассути ин сарҳад эҳтимолияти интиқоли маводи мухаддир ҳамеша вуҷуд дорад. Ҷои инкор нест, ки маблағҳои он дар роҳи боз ҳам ноором гардонидани минтақаву ҷаҳон сарф мегарданд. Ҳамин буд, ки як навъ роҳи ҳалли масъала бо ин зуҳуроти номатлуб то андозае баён гардид: «Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад».

Роҳбари давлати Тоҷикистон бо хайрандешиву сулҳдўстиву сулҳхоҳӣ машҳури  сайёра гардидаанд ва ҷанбаи сулҳсозии он касро аксар сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Он чизеро ки қариб ду даҳсола қабл таъкид намуда буданду мехостанд, имрўз аксар кишварҳои ҷаҳон дар нисбати Афғонистон амалӣ кардан мехоҳанд. Таъкиди Сарвари давлати мо хайру салоҳи кор буд ва ин нияти хайр то ҳол нисбат ба ҳамсояи ҳамзабонамон вуҷуд дорад:   «Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи худ устуворанд. Он чизеро ки дурандешона бист сол қабл нисбат ба Афғонистон гуфта буданд, дигар накардаанд. Ҳамин аст, ки садои даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мегардад. Дар заминаи сиёсати кушодаву ошкор ва ҳамгироёна дар Паёми имсола давъват ба сулҳи Афғонистон оҳанги қатъитар касб намуд ва умедворем, ки халқи мазлуми афғон аз оташи ҷангу низоъ берун меояд: «Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад». Аз оҳанги баёни Пешвои миллатамон чунин бармеояд, ки Афғонистон низ дар наздиктарин фурсат роҳи созандагиву сулҳу суботро пеш гирифта метавонад. Сарвари давлатамон ҳамовозиву ҷонибдории халқи тоҷикро дар сулҳу суботи Афғонистон баён карданд ва бори дигар таъкид намуданд, ки ин қазия бо роҳи низомӣ ҳал намешавад: «Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад».

Дар ҳақиқат ҷангу низоъ бадбахтии тамоми аҳли башар аст ва то имрўз ягон саҳифаи таърихе нест, ки натоиҷи мусбати ҷангу хунрезиҳоро нишон дода бошад. Эмомалӣ Раҳмон он шахсияту сиёсатмадорест, ки кишвари худро аз оташи ҷангу нифоқ раҳо бахшида буд. Яъне он кас фардеанд, ки оқибатҳои ҷангу хунрезӣ, махсусан ҷанги дохилиро амиқан мефаҳманд:  «Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист».

Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем

Пешвои миллати мо бо он қаҳрамони халқи худ аст, ки сулҳро нигоҳ дошта тавонисту ҳифз кард. Мо дар мисоли баъзе собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ дида истодаем, ки дар баробари саноату иқтидори иқтисодии бузург доштанашон наметавонанд амну осоишро дар кишвари худ пойдор нигаҳ доранд. Баъзеи онҳо дорои силоҳи ядроӣ бошанд ҳам, аммо сулҳу ваҳдату ҳамгироиро дар кишвари худ таъмин карда наметавонанд. Халқи тоҷик бо Пешвои худ сулҳро соҳиб гардидааст ва мехоҳад, ки ин гуна сулҳ дар саросари ҷаҳон вуҷуд доша  бошад: «Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳал карда шаванд».

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносиботи тираи қариб як садсоларо барҳам заданд

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди «вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалӣ…»-ро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкории фарогирро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ шарти муҳими суботи Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа баҳогузорӣ карданд. Тоҷикистон аз оғози истиқлол мавқеи сулҳдўстона дошт ва инро нисбат ба ҳамсояҳо нигоҳ дошта тавонистааст. Ҳукумати кишвар ҳамгироиву равобитро ба таври ҳамеша аз ихтилофу муносибати сард афзал медонад. Ин намунаро дар мисоли Ўзбекистони ҳамсоя метавон дид, ки баъди фурсатҳо мо тавонистем дўстии зиёда аз чил миллион нафар сокинони ду кишварро таъмин намоем. Хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Ин ду шахсият муносиботи тираи на ду даҳсола, балки қариб як садсоларо барҳам заданд, ки бояд ҳар як шахси заковатманд ин ишораро дарк намояд.

Ба дарозо метавон дар бораи ҷанбаҳои сулҳдўстонаи Паём ҳарф зад. Чанд андешаи маҷмўии боло гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон нахуст сулҳро дар хонаи худ таъмин кардааст ва мехоҳад, ки аз ин неъмат тамоми халқҳои ҷафодидаи олам баҳравар бошанд.

Паёми Пешвои мо даъват ба ободиву бунёдкорӣ ва сулҳу ҳамгироиву ваҳдат на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мардумони кишварҳои минтақаву сайёра мебошад. Рафоқату ҳамгироӣ наҷоти имрўзаи сайёра аз хатарҳои зиёд мебошанд ва ҳамин аст, ки оҳанги сулҳу ваҳдати аҳли башар дар он тантанаи хос дорад.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи
байналхалқии ДМТ

Декабрь 29, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд