Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни вохӯрӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон иброз намуданд, «бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд».
-Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе чорабиниҳои муҳимми сатҳи баланд доир ба обу иқлим баргузор шуда, дар доираи онҳо қатъномаю қарорҳои дахлдори байналмилалӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 90 давлати дунё, роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид,- афзуданд Сарвари давлат.
Иброз гардид, ки дар ҳуҷҷати асосии конфронси мазкур, яъне Қатъномаи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид байни кишварҳои аъзо паҳн гардид, зарурати ба рӯзномаи глобалӣ ворид намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо, идомаи Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари маблағгузорӣ дар ин самт таъкид шудааст.
Бо ин мақсад дар ҳошияи конфронс Бонки Осиёии Рушд ва Фонди «иқлими сабз» таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» барномаи нави минтақавиро ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллар муаррифӣ намуданд.
Қарор аст, ки барнома дар Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистон амалӣ гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






