ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ
ДУШАНБЕ, 14.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, 13 декабр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» бахшида ба 400-солагии ин суханвар ифтитоҳ гардид. Дар оғози конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд.
Дар зер матни пурраи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорони конференсияҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ пешниҳоди хонандагон менамоем.
Паёми табрикии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ
ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ
ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ
13-14 декабри соли 2018
Баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба бузургдошти нобиғаҳои илм, адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 имсол дар саросари кишвар санаҳои таърихии 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400 — солагии суханвари бузурги тоҷик Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ин қарори моро низ Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст.
Сайидои Насафӣ дар шаҳри бостонии Насаф ба дунё омада, давраи омӯзишу эҷодиёташ дар Бухоро ҷараён гирифтааст ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Сайидои Бухороӣ низ ёд шудааст. Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд. Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асарҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошуб» иборат мебошад. Сайидои Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маьруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ, мазмун ва шакли онҳо тозакорӣ дохил кардааст.
Ҳамзамон, мусиқӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон яке аз навъҳои бостониву пурарзиши эҷодиёти бадеӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад. Ҳунари бадеию зебоишиносӣ дар масири таърих тавассути устодони соҳибсабку соҳибмактаб ва донандагону меросбарони асил аз насл ба насл ва аз устод ба шогирд гузаштааст, ки яке онҳо мусиқидон, шоир ва навозандаи маъруфи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ мебошад. Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ (1468-1532) дар замони хеш аз чеҳраҳои номдори адабию ҳунарӣ маҳсуб шуда, дар таҳқиқи мусиқӣ эътибори зиёд доштааст. Ӯ мактаби мусиқии Бухороро роҳбарӣ намуда, оид ба мусиқии тоҷик якчанд рисолаҳо таълиф кардааст, ки арзишмандтаринашон «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Назми Дувоздаҳмақом» ба ҳисоб меравад.
Бовар дорам, ки дар кори конфронсҳо олимон ва донишмандон паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ ва Наҷмиддини Кавкабиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба аҳамият ва моҳияти осори гаронмояи онҳо дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик фикру андешаҳои худро баён менамоянд.
Ба иштирокдорони конфронсҳо барори кор орзу менамоям.
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд






