Пешвои миллат: «Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд»
ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. “Мо ба густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем”, — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои зиёди Осиёи Марказӣ чун анъанаи неки дӯстиву эҳтиром, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, он ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо ва рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.
Президенти мамлакат бо изҳори хушнудӣ иброз доштанд, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардидани муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар раванди рушди шарикии гуногунҷабҳаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб намуд.
«Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд. Тамоми масъалаҳои ҳалталабе, ки тайи зиёда аз 20 соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳал гардиданд ва мо ҳамкориямонро дар самти шарикии стратегӣ ба роҳ мондем»,- изҳор намуданд Сарвари давлат.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






