Сайёҳӣ ояндаи наздик ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди мамлакат табдил хоҳад гардид

Декабрь 19, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 19.12.2018/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали сайёҳии «Мероси Шоҳроҳи Абрешим»  «Рангоранг», ки дирӯз оғоз гардида буд, анҷом ёфт.

Фестивали мазкур, ки дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, дар тарғиби дастранҷи косибону ҳунармандони минтақаҳои гуногуни мамлакат ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт, зеро аз Фестивали сайёҳии «Мероси Шоҳроҳи Абрешим»- «Рангоранг», ки дар он маҳсули  ҳунари косибону ҳунармандони мамлакат гузошта  шуда буд, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои  байналмилалӣ, инчунин сайёҳон боздид намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. То ҷое мусаллам аст, бо ташаббуси Пешвои миллат истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ дар хона аз андозҳо озод гардид, ки барои рушди соҳаи ҳунармандӣ, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти дастранҷи ҳунармандон ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо мусоидат намуд.

Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон  Абдуғаффорзода дар маросими ифтитоҳи Фестивали мазкур гуфт, бо  мақсади  таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳия карда шуд. Самти он ба эҳё, ҳифз, рушд ва талқини анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, рушди имкониятҳои истеҳсолии фаъолияти ҳунармандӣ, омодасозии мутахассисон, ҳавасмандкунӣ ҷиҳати омода намудани шогирдон, мусоидат ба ташкили ҷойҳои нави корӣ  нигаронида шудааст. Ин дар ҳолест, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6,5 ҳазор ҳунармандон  фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода намуда истодаанд.

Ҳамзамон бо дахли рушди сайёҳӣ Нӯъмон  Абдуғаффорзода афзуд, ки  соли равон лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид. Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 низ таҳия ва тасдиқ шуд. Инчунин портали миллии сайёҳӣ бо панҷ забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ гардид. Дар доираи  фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ то имрӯз 70 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд. Имрӯз шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба 141 адад мерасад.

Шумораи назарраси иншооти инфрасохтории сайёҳӣ бунёд гардида, дар як қатор иншоот навсозӣ ва тармиму таҷдид идома дорад. Ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои бузурги сайёҳии байналмилалӣ иштирок намуда, бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ кашф шуда истодаанд. Тӯли соли 2018 дар ҷумҳурӣ форум ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, конфронсу семинарҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, бори нахуст дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ гузаронида шуда, барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ сафарҳои шиносоӣ ва инфотурҳо ташкил карда шуданд.

Интизор меравад, ки  бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Хукумати мамлакат соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ солҳои наздик ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум табдил дода хоҳад шуд.

Декабрь 19, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад