ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2018 аст

Декабрь 28, 2018 08:00

28 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил»- ро имзо карданд.

***

3 сол пеш, 28 декабри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020-ро тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

28 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

***

Рӯзи байналмилалии кино.

***

Дар Испания –Рӯзи  ханда.

РӮЙДОДҲО:

 28 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни КВД «Талко» (Тоҷикистон), ширкати «Noble Resources Ltd» (Гонконг) ва «Det.AL Azeraluminium» (Озарбойҷон) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

28 декабри соли 2010 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Ибни Сино ва мушкилоти муосири фалсафа ва тиб» конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Конфронси мазкур ба муносибати 1030-солагии зодрӯзи олим ва файласуфи барҷастаи тоҷик, нобиғаи асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино баргузор карда шуд.

***

182 сол муқаддам, 28 декабри соли 1836 Испания  истиқлолияти Мексикаро эътироф кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 дар кароргоҳи СММ дар Ню-Йорк намояндагони Португалия ва Индонезия ҳуҷҷат оид ба барқарор намудани муносиботи дипломатиро ба имзо расониданд.

 ***

28 декабри соли 2007 Непал Ҷумҳурии Федеративӣ-Демократӣ эълон карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1895  дар Париж  аввалин киносеанси оммавии пулакӣ баргузор гардид.

***

Соли 1908 дар ҷазираи Ситсилия (Италия) заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натиҷа 75 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Декабрь 28, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, шанбе, 314-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, ҷумъа, 313-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, панҷшанбе, 312-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 311-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, сешанбе, 310-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст