«Тоҷикфилм» бо маркази кинои Франсия ҳамкорӣ ба роҳ мемонад. Дар Душанбе имкониятҳои коргардонҳои ҷавони Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мавзӯи «Кинои ҷавони тоҷик ва дурнамои рушди он» 13 декабр зимни суҳбати «мизи мудаввар» бо иштироки коргардонҳо ва санъаткорони ҷавони соҳаи кино дар доираи «Ҳафтаи кинои ҷавонӣ дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат, ки бо ибтикори Сафорати Франсия дар Тоҷикистон доир гардид, масъалаҳои ҷории рушди санъати кино дар Тоҷикистон ва имкониятҳои коргардонҳои ҷавон дар истеҳсоли филмномаҳои нав баррасӣ гардиданд.
Сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки ният дорад ҳамкориро байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Маркази миллии кинои Франсия ба роҳ монад. Ӯ ёдовар шуд, ки дар доираи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё «Гиме», ки соли 2019 пешбинӣ шудааст, инчунин баргузории намоиши кинои тоҷик ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Париж низ ба нақша гирифта шудааст.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






