Бозтоби нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Синхуа», «Женмин Жибао» ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Чин

Январь 11, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар» /. Воситаҳои ахбори оммаи давлатии ҷамъиятию сиёсии Чин – Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаи «Жэнмин Жибао», Маркази интернетии иттилоотии Чин – «china.org» ва сомонаи расмии Вазорати савдои Чин ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, дар ВАО-и номбурда бо иттилои алоҳида хабар дода шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ташаббуси Тоҷикистон дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро се рӯйдоди асосии соли 2018 номбар кардааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,3 фоизро ташкил дода, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта мешавад, даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.

Мувофиқи иттилои аз ҷониби онҳо овардашуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Тоҷикистон ҳамчун сипар солҳои тӯлонӣ на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳатто аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ, cадди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир сарҳади давлатӣ мебошад.

Дар яке аз хабарҳо иттилоъ дода шудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (Парлумон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намудааст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

ВАО-и Чин ҳамчунин навиштаанд, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунари мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

Гуфта шудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Аз ҷониби роҳбари давлат тасмим гирифта шуд, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки Президенти Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Агентии иттилоотии «Синхуа» ва рӯзномаи «Жэнмин Жибао» аз он ёдоварӣ кардаанд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд.

Январь 11, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент