Чаро масъулини филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода соли 2018 ба ягон ҳунарманд қарзи имтиёзнок надодаанд?
ТУРСУНЗОДА, 05.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 Нозироти андози шаҳри Турсунзода тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 44 нафар ҳунармандон, аз қабили дӯзанда, бофанда, рассом, адрасбоф, кандакор, дуредгар, гулдӯз ва кулолгаронро аз пардохти андоз озод намуд.
Сардори Нозироти андози шаҳри Турсунзода Дилшод Ҳакимзода мегӯяд, ки «бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, намадмолӣ, ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, попурзанӣ, дар маҷмӯъ 104 номгӯй касб аз пардохти андоз озод шуданд.
Тибқи ин қарор ҳунармандон аз гирифтани патент ва ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ озод мебошанд. Дар ин асос 104 номгӯй ҳунарҳои миллиро, ки аз пардохти андоз озод мебошанд, барои огоҳ гардидани сокинони шаҳр дар назди бинои Нозироти андоз насб намудем. Соли 2018 ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони бузург бахшид. Дар оянда ҳунармандон аз ин имкониятҳо истифода бурда, дар деҳот корхонаҳои хурд таъсис медиҳанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд менамоянд».
Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор 24 нафар, Шаҳринав 4 нафар, Ваҳдат 4 нафар, Рашт 11 нафар ҳунармандон аз пардохти андоз озод гардиданд.
Ҳамчунин барои рушди ҳунарҳои миллӣ ва таъсиси коргоҳҳои дӯзандагию кулолгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор ба 13 нафар ҳунарманд 77 184 сомонӣ, дар ноҳияи Шаҳринав ба 27 нафар сад ҳазор сомонӣ ва дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ба ҳунармандон қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. Ин маблағҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ин соҳа мусоидат менамоянд.
Вале новобаста ба додани қарзҳои имтиёзнок ба ҳунармандон, ки он бо супориши махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи баъзе филиалҳои «Амонатбонк»-и ноҳияҳо хунукназарӣ ба мушоҳида мерасад.
Мисол, масъулини филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода соли 2018 ҳатто ба як ҳунарманд ҳам қарзи имтиёзнок надодаанд. Онҳо дар ин самт барои ҷалби ҳунармандон баҳри гирифтани қарзҳои имтиёзнок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва воситаҳои ахбори маҳаллии шаҳр ҳамкорӣ накардаанд. Масъулини филиали бонки мазкур дар ин маврид аз додани иттилоъ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» худдорӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ин давра дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишини мамлакат бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммомҳои замонавӣ, пулҳо ва роҳҳои дохилӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву ресандагӣ, косибӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода мешавад.
Субҳониддини МАХМУД,
АМИТ «Ховар»








«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд






