Дар Бадахшон бахшида ба ҷашни Сада маҳфилу бозиҳои гуногуни суннатӣ баргузор мекунанд

Январь 25, 2019 11:41

ХОРУҒ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон бахшида ба   ҷашни Сада маҳфили фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Сокинони деҳа дар баробари ба ҷо овардани расму суннатҳои қадимии аҷдодӣ ҳамчунин  кӯдакону наврасонро бо тарзи пухтани таом ва суннатҳои ҷашни Сада шинос намуданд. Ҳарчанд ҳаво сарду замин барфпӯш аст, аммо сокинони вилоят дарозии равшании рӯзу батадриҷ гармшавии ҳаворо эҳсос мекунанд ва ин ҳамаро ба наздик шудани ҷашни Сада марбут медонанд.

Мардум дар гузашта бо баргузории ҳар гуна базмҳои шодию сурур саъй мекарданд, ки торикию сармои дуру дарозро аз худ дур созанд.

Яке аз меҳмонони ин ҷашн, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, номзади илми таърих Аловуддин Шоинбеков мегӯяд, ки «ҷашни Сада аз ду ҷашни бостонии тоҷикон- Наврӯзу Меҳргон қадимтар аст, аммо баъди пош хӯрдани давлати Сомониён қариб ки аз хотираҳо зудуда шуд. Ва танҳо дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ин иди қадимӣ дубора эҳё гардид. Дар бораи пайдоиши ин ҷашн шоирону олимони асри миёна Ал-Берунӣ, Байҳақӣ, Муҳаммади Наршахӣ, Абулқосими Фирдавсӣ дар асарҳои худ ёдоварӣ кардаанд ва онро ба кашфи оташ аз сӯи инсонҳо марбут медонистанд. Мардуми кӯҳистон аз қадим оташро муқаддас мешумориданд ва онро парастиш менамуданд. Зеро маҳз оташ онҳоро аз сармову зулмот ва ҳатто аз марг наҷот медод.

Барои ҳамин сокинони манотиқи кӯҳистон мегӯянд, ки «гушна шудӣ, алов кун, ташна шудӣ, алов кун, ҳарчӣ шудӣ, алов кун». Ва дуояшон барои ҳамдигар ин буд, ки «мудом оташи хонаат фурӯзон бошад .Моҳияти аслии ҷашни Сада низ- ин  пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ аст ва  мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург ва пухтани таомҳои суннатӣ гиромӣ медоштанд».

Субҳи  рӯзи Сада кадбонуи хона ба китфи ҳамсар ё фарзандаш орд пошида, ба  дасташон нон ва дар хурҷин хокрезаҳо медиҳад. Ва онҳо ба саҳро баромада, нонро дар як баландӣ мегузоранд ва хокрезаҳоро ба болои  барф  мепошанд, то ҳарчӣ зудтар барф об шаваду деҳқонон ба кишту кори баҳорӣ оғоз кунанд.

Шакли нон, ки ба офтоб монанд аст, низ ба онҳо нерую гармӣ мебахшад. Дар рӯзи ҷашни Сада ҳамаи таому ғизоҳои дигар ҳам дар шакли офтоб пухта мешаванд. Баъди пош додани хокрезаҳо бар болои барф ва истеъмоли ғизои суннатӣ,  сокинони деҳа  ҳар гуна маҳфилҳои ҳунарию  бозиҳои халқиро баргузор намуда, бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон мекарданд.

Январь 25, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон