Дар Cуди Олии иқтисодӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуданд

Январь 28, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2019/АМИТ «Ховар»/. «Паём ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа»- таҳти чунин унвон дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе  ҳамоиш доир гардид. Зимни он нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  тавзеҳ дода шуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Мавлуда Қаландарзода дар ҳамоиш иброз намуд, ки  дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ  дастовардҳои мардуми тоҷик дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии мамлакатамон барои давраҳои минбаъда муайян  гардидаанд. Зикр шуд, ки соли сипаригардида бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмон барои мардуми Тоҷикистон  соли воқеан таърихӣ буд, зеро ташаббуси чоруми ҷаҳони Тоҷикистон дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид. Инчунин ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»  қадами устувори кишварамон дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад.

Инчунин М. Қаландарзода зикр кард, ки Пешвои миллат  дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонунро таъкид намуда, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.

Зикр шуд, ки Президенти мамлакат роҷеъ ба ҳокимияти судӣ идома додани ислоҳотӣ судӣ-ҳуқуқиро зикр карда, ба сохторҳои марбута таъкид намуданд, ки барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 вобаста ба такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, андешидани татбирҳо бобати баррасии босифату саривақтии парвандаҳои судӣ ва иҷрои санадҳои қабулгардида таҳия ва пешниҳод намоянд.

Мусаллам аст, ки  дар Паёми Пешвои миллат соли 2006 бо мақсади таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа зарурати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба миён омада буд. Дар тӯли ин солҳо се барнома қабул гардида, корҳои назаррас  ба анҷом расонида шуданд. Мустақилияти ҳокимияти судӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигари масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардиданд. Инчунин дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионӣ», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Ҳамзамон Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар ин росто дар анҷоми  ҳамоиш Раиси Суди Олии иқтисодӣ таъкид кард, ки барои амалигардонии нуктаҳои муҳими Паём фаъолона иштирок намуда, зимни вохӯриҳо бо аҳолӣ моҳияти Паём ба маълумоти мардум расонида шавад.

Январь 28, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»