Дар Москва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар ҳошияи барномаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019-2021», Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.
Дар ҳамоиш, ки дар толорҳои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва доир шуд, намояндагони ҳафтод муассиса ва ширкатҳои маъруфи сайёҳии Россия, мақомоти давлатии соҳавӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Ҳамчунин зиёда аз 10 ширкати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Россия дар кори ҳамоиш бо муаррифномаҳои худ иштирок намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, аз ҷумла изҳор дошт, ки рушди сайёҳӣ дар шароити муосир дар таҳкими равобити дӯстию рафоқат миёни мардумони давлатҳо, бавижа густаришу ҳамгироии фарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои миллии тарафайн нақши муассир мебозад.
Зимнан Сафири Тоҷикистон зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҷдиди зарфиятҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати татбиқи барномаҳои дахлдор тадбир меандешад. Бо ишора ба он, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда буд, зикр гардид, ки дар он марҳила теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон сафаркарда нисбат ба соли 2017 2,5 маротиба афзуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо, ки ҳадаф аз онҳо мусоидат ба рушду таҳкими ҳамкорӣ ва табодули афкору таҷриба миёни муассисаю ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия аст, аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.
Бо истифода аз чунин фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Қароргоҳи кӯҳнавардии «Артуч», осоишгоҳи «Шифо», шаркатҳои сайёҳии «Саразм», «Куҳандиз», «Бунёд-Тур», «Бозори Вору», «Чил меҳроб» ва «Авиткон» дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ маълумоти муфассал пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҷумҳуриро дар радифи захираҳои фаровони сайёҳӣ, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ, ки ҳамзамон шароити хубу роҳатро ба ташрифоварандагон таъмин месозанд, таъкид карданд.
Зимни ҳамоиш ҳамчунин лавҳаҳои видеоии ҷолиб дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ, иншооти фарҳангию фароғатӣ ва осорҳои таърихию археологии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар маҷмӯъ, меҳмонон имкони хуби шиносоӣ бо осори таърихию фарҳангӣ ва ҳамзамон рушди муосири соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла зарфиятҳои сайёҳиро доштанд. Ба ҳамаи иштирокдорон харитаҳо, руқъа ва дигар маводи сайёҳӣ тақсим гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия суҳбатҳои алоҳидаи рӯ ба рӯ гузарониданд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд






