Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ моҳвораи бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ оғоз ёфт

Январь 26, 2019 11:45

ХОРУҒ, 26.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23  январ то 23 феврал ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат Моҳвораи  маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ  ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор мегарданд. Ба ин муносибат  дар толори намояндагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор гардиданд.

Муовини раиси ташкилоти мазкур Исматулло Назиров хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимиро ба хотири оғози ин моҳвора табрик карда, изҳор намуд, ки «ҳадафи аслии он дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасон ва такмил додани дониши назариявию амалии онҳо оид ба масъалаҳои низомӣ мебошад. Зеро баъди як ё ду сол ин наврасон ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегарданд ва агар ҷисману рӯҳан солим ва бо техникаи ҳарбӣ шинос бошанд, зимни хизмат ҳеҷ душворӣ нахоҳанд кашид».

Баъди ҷамъомади тантанавӣ хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз намудҳои ҷудо ва бо ҳам пайваст кардани автомати Калашников, дастхобонӣ, турниккашӣ, тирпарронӣ ва ба рӯй кашидани ниқоби газӣ байни ҳам сабқат намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар ҳамаи намудҳои варзиш  фаъолона ширкат карда, маҳорату истеъдоди хуб нишон доданд.

Муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров гуфт, ки гарчанде ташкилоти онҳо тамоми фасли сол бо муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷавонони синни даъватӣ робитаи зич дорад, аммо бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ шумораи барномаҳояшонро боз ҳам густариш медиҳанд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои варзишию ҳарбӣ то 23 феврал идома меёбанд ва  ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихорнома ва мукофоти  пулӣ сарфароз мегарданд.

Январь 26, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст