«ДУНЁИ ХЕШТАНШИНОСӢ». Сармуҳаррири Радиои «Садои Душанбе» бахшида ба 20-солагии ин шабакаи бонуфуз эссе навиштааст
ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ«Ховар»/. Радиои «Садои Душанбе», ки 18 январи соли 1999 бо ибтикори собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайф Афардӣ дар заминаи шуъбаи шаҳрии Радиои Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, 20-сола шуд. «Садои Душанбе» дар ин муддат бе танаффус шабонарӯз барномаҳои иҷтимоию фарҳангӣ таҳия ва пахш менамояд.
Сармуҳаррири Радиои «Садои Душанбе» Махфират ЮСУФӢ дар бораи ин радио ва нақшаву лоиҳаҳои он эссе иншо намуда, ба АМИТ «Ховар» ирсол доштааст, ки онро дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.
«Ман ин дунёро ҳатман ба дунёи зебо монанд месозам. Мебинем!.», — гуфта буд ташаббускори таъсиси радиои «Садои Душанбе» Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Оре, ӯ ба офаридани «дунё» — ҳои наву поку зебою шево дар олами пуртуғёну пуршӯру шарри радиою телевизон ҳангоме ба фаъолият пардохта буд, ки «дунё» — и миллати тоҷик низ бар асари тафаккури азалию хиради волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан ба «дунё» — и нав – ба «дунё» — и истиқлолияту озодию сулҳу ваҳдат бадал гашта буд. Сайф зери ливои навсозиҳои Пешвои миллат дар фазои иттилоотии мамлакат «дунё» — ҳои нав месохт. Аммо дунёсӯзони миллати тоҷик Сайфи «дунёсоз» — ро аз байн бурданд, вале «дунё» — ҳояшро бурда натавонистанд. Аз ҷумла ба «дунё» — и «Садои Душанбе» — аш низ осебе нарасид, рушд кард, қомат афрохт, машҳур шуд, муътабару «сарвқомат» — у «хуррам» — у «зебо» -ву хандон гашт.
Инак дар ин «дунё» — и зебои бистсола афроди муайян кор мекунанд, маҳсули ранҷашонро мавҷ мебарад, ба хонаҳои мардум, ризқи хешу хонаводаи хешро пайдо мекунанд…хулас мезиянд, дар ин «дунё…».
Ҳафтаномаи «Ҷаҳони Паём» ҳам аз зумраи «дунё» — ҳои тозаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ аст.
«Дунё» — и маҳбуби дилҳо
Ин лаҳзаҳо ҳисобот доданро дар қолабу сабки маъмулӣ, бо мадраку санаду рақаму далел раво намедонам, намегӯям, ки мо фалону фалон барномаҳо дорему менависему мехонему эҷод мекунему заҳмат мекашему медавему ва ҳоказо… Зеро «Садои Душанбе» дар асоси тадқиқоти ташкилоти «Зеркало» соли 2018 миёни радиоҳои давлатӣ ҷойи аввалро касб кард ва радиои «маҳбуби дилҳо» унвон гирифт. Маҳбубият ва бист соли талошу пайкори нек муборакатон бод, ҳампешагони меҳрубони ман».
«Дунё» — и сухани созанда
Дар адабиёти илмию тадқиқотии марбут ба соҳаи журналистика маълумотеро дучор омада будам, ки ин замон дар ҷараёни шарҳи бахши мазкур ёдовории онро мувофиқи мақсад мешуморам: «Инсон тӯли ҳаёти худ бо таъсири иттилои ба ӯ расида ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро қабул карда, бо таъсири вай дар баъзе ҳолатҳо худ куллан тағйир меёбад. Ин дар ҳолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сӯзанда».
Агар бигӯем, ки радиои «Садои Душанбе» ташхисгоҳи махсуси санҷиши суханро дорост, пас ҳайрон машавед, ин рост аст, мо аввал дар ин ташхисгоҳ ҳар барномаро месанҷем, агар муҳтавояш аз сухани созанда иборат бошад, «роҳ» — аш ба сӯйи эфир ҳамвор аст, агар не — сад ҳайф, ки чанд варақи сафеди сиёҳкардашуда пора мешавад ва меравад бар бод… Оғози ҳар рӯзи эҷодӣ дар радиои «Садои Душанбе» бо бахши «Сухани созанда»-и барномаи «Чашми саҳар» мисолест, ки метавонад, идаъои болоро тасдиқ намояд.
Аз суханони созанда бо истифодаи сабки нисбатан нави радиожурналистика таҳияи аудиороликҳои пур аз шиори ватанпарастӣ, тараннуми истиқлолияту озодӣ, сулҳу ваҳдат, ҳидояту дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат ва ормонҳои миллати тоҷик роҳандозӣ гардидааст, ки дар мавҷи радиои «Садои Душанбе» мунтазам дар «парвозанд». Ҳатто бархе мегӯянд, ки радиои Шумо шиор дораду халос. Сараввал ин эродро ҷиддӣ гирифтем, хостем, ки ин самти эҷодиро маҳдуд гардонем, ё аз баҳри ин сабк бигзарем. Аммо боре як шунаванда тамос гирифту гуфт:
«Чун ба гӯшам аз мавҷи радиои «Садои Душанбе» порчаҳои мутааллиқ ба васфи Ватану Тоҷикистон мерасад, баданам аз ҳаяҷону шодию ифтихору комилҳуқуқию ватандорию соҳибистиқлолӣ меларзад».
Гӯшии телефонро гузоштам, бо худ фикр кардам, ки воқеъан банда низ вақте васфи Ватан, Тоҷикистони соҳибистиқлол, суханони саршор аз ҷавҳари ватандорию ватанпарастии Пешвои муаззами миллатро бо садои дилнишини ҳамкасбонам мешунавам, баданамро хаяҷон фаро мегирад, пас ин гуна пиндоштам, ки ин шунавандаи мо танҳо нест, ин гунаҳо бешуморанд, аз ин рӯ «шиорсозӣ» — ро дар партави сухани канор гагузоштем, балки ривоҷаш додем, то «садо» — и Ватану истиқлолияту озодӣ мафкураи миллиро тақвият бахшад.
«Дунё»-и эътимод ва аҳдофи миллӣ
Имрӯз дар фазои иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол шабакаҳои зиёди радиоҳои хусусию давлатӣ фаъолият менамоянд. Гузашта аз ин, бинобар рушди хеле босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ривоҷи шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет парафкании хабару иттилоот тавассути таҷҳизоти мухталиф ҳатто дар формати аудиоии дақиқияташ олӣ ҳам кори мушкил нест. Яъне миёни афарде, ки дар «дунё» — и иттилоърасонии аудиоӣ машғулият меварзанд, рақобати эҷодӣ хеле калон аст ва онҳо бо самту сабки махсус ҳадафу мақсади хешро амалӣ мегардонанд. Ҳатто дар ин миён ба истилоҳ расонаҳое низ ҳастанд, ки бо инъикоси мавзуъҳои сабук ва каммуҳтавои ба ном «сенсатсионӣ», аз қабили моҷароҳои хос оилавӣ ва ғайра вориди майдон мегарданд, обрӯйи «хасакӣ» — ро ба даст меоваранд, то роҳи ҳаракати реклама ба шабакаҳояшон вусъат гирад ва суди молии бештар ба даст оранд.
Аммо таҳлилу таҷзияи фазои иттилоотии Тоҷикистони маҳбуб дар бахши радиожурналистика собит кардааст, ки эътимоди мардуми шарифи Тоҷикистон ба радиоҳои давлатӣ, хушбахтона ба радиои «Садои Душанбе» низ бештару хубтар аст.
Оре, сарпарасту маблағгузори радиорасонаҳои давлатӣ, минҷумла радиои «Садои Душанбе» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ журналисти радиои «Садои Душанбе» дунболи дарёфти маблағ барои фаъолияти хеш нест, ӯ ҳадафи дигар дорад, ҳадафаш ин «дунёро ба «дунё» — и тарғиби ҳадафҳо миллӣ табдил додан аст. Баҳою сухани охир дар бобати баҳои тарғиботи аҳдофи миллӣ дар салоҳияти шунавандаи нуктасанҷу хушзавқу хушсалиқаю серталаб аст. Танҳо чун шоҳиди маводи истеҳсолии «фабрика»-и «Садои Душанбе» гуфтан мехоҳам, ки дар ин «дунё» ҳатто камтарин дастоварди соҳаи кишоварзии мамлакат рӯйи мавҷ меояд, то завқи мардум ба самти таъмини истиқлолияти озуқаворӣ бештар гардад.
Баробари таҳлили манфиатбории нақшаҳои бузурги коммуникатсионӣ аз ташаббусҳои шояд хурдтарини марбут ба роҳсозиҳо барномаҳои хосса танзим карда мешавад, то нақш ва аҳамияти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионир ҳар фарди солимфикри сарзамини аҷдодӣ дарк намояд.
Тоҷикистон ҳамчун махзани бузурги захираҳои обӣ дар минтақа чун мамлакати истеҳсолкунандаи нерӯйи барқи аз лиҳози экологӣ тозаю арзон шинохта шудааст. Ва он дар «дунё» — и ҳадафҳои миллӣ – радиои «Садои Душанбе» муаррифӣ карда мешавад, то ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ ба соҳаи энергетика бештар гардад ва миллати тоҷик истиқлолияти энергетикии хешро пурра таъмин созад.
Фарҳангу маорифу расму русуму таъриху тамаддуни миллат ва дар маҷмуъ тарғиби раванди бунёди давлати куллан миллии тоҷик бошад ба «хун» — и мавҷи радиои «Садои Душанбе» омезиш ёфтааст. Дар «сарзамин» — и ин мавҷ фаслу мавсими муайяни киштукор мавҷуд нест. Чор фасли ин «сарзамин» баҳор аст, ки ҳамарӯза дар он тухми худшиносию худогоҳию ватанпарастию ҳувияти миллӣ «кишт» карда мешавад. Вале ин ҳамаро бояд шунид, то даъвии муаллифи ин сатрҳо тасдиқ гардад ва ҳисси ватанпарастию хештаншиносии шумо боз ҳам тақвият бигирад…
Аммо, хонандагону шунавандагони азиз, узрамонро бипазиред, маъзурамон доред, ки ҳанӯз нуқсу камбудҳоямон хеле зиёд аст. Аз ин рӯ аз шумо имдод талаб дорем, то ошкорбаёну ҳақиқатнигору серталаб бошед. Аз хусуси ғизои маънавие, ки ниёзҳоятон ба он бештар аст, ба мо арза бидоред ва дар таҳияи «ғизо» — и мақбули дилатон кӯмакрасону машварчии мо бошед.
«Дунё» ва нақшаю ормонҳои он
Олим ва жуналисти маъруф Ҷонибеки Асрориён дар мақолаи хеш ба ифтихори 10 – солагии Радиои «Садои Душанбе» нигошта буд: « «Пайки назм», «Ҷаҳони андеша» ва ғайра пешниҳоди Сайф Раҳим буданд. ӯ фикр мекард, ки дар «Пайки назм» шоирон ширкат мекунанд ва ба саволи шунавандаҳо ҷавоб мегӯянд. «Ҷаҳони андеша» минбари фарҳангиён хоҳад гашт. Вале на ҳама вақт чунин буду мешуд. Ин замон шоирону аҳли зиёи тоҷик бо сад баҳонае аз суҳбати мустақим сар мепечанд».
Акнун, метавон гуфт, ки ҷомеъаи орому осудаи миллати тоҷик нисбат ба даҳ соли пеш тағйири вазъ кардааст. Аҳли ҳунар ва зиёиёни миллати тоҷик ба таври ихтиёрӣ дар доираи барномаҳои «Хирамани роз», «Сари суфраи шом» ва ҳоказо ба таври мустақим ба суолу пурсишу дархости шунавандагон посух мегуянд.
Эҳёи «Пайки назм» — и шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ бошад, дар нақшаи кории радиои «Садои Душанбе» дар ҳамон шакле, ки муаллифи он орзу дошт, тарҳрезӣ гардида, барномаи аввали «Пайки назм» рӯзҳои наздик ба истиқболи шумо «пар» хоҳад зад.
Феҳристи барномаҳои тозаю нав дар соли равон зиёданд, аммо «Минбари миллат» ормону орзуи деринтизори аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» мебошад, ки муддате лоиҳаи он дар ҷараёни баррасию омӯзиш қарор дошт ва, инак, пас аз чанд рӯзи башумор розу ниёзи тоҷикони дур аз Ватан, таманниёту муроди дили зодагону дилбохтагони Тоҷикистони маҳбубу биҳиштосо аз гӯшаҳои гуногуни олам ҷамъ, сабту таҳияю танзим гардида, пешниҳоди хотири мубораки шунавандагони иззатманди радиои «Садои Душанбе» карда мешаванд.
Махфират ЮСУФӢ,
сармуҳаррири Радиои «Садои Душанбе»