ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ХИРАД. Намояндагони давлатҳои дунё бо назофату тозагӣ, умрону ободӣ, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд
ДУШАНБЕ, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Душанбе обод мешавад. Душанбе қабояшро дигар мекунад. Душанбе солорона қад меафрозаду мешукуфад ва сарсабз мешавад. Он ба садумин соли пойтахт муқаррар гардидани хеш, ки соли 2024 фаро хоҳад расид, дар авҷи шукуфоию камол қадам мегузорад. Пойтахти азизи мо ягон вақт бо ин суръат дигаргун нашуда буд, — навиштааст дар мақолаи худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух АСРОРӢ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.
Тоҷикон анъанаҳои дерини шаҳрсозию шаҳрдориро аз cap гузаронидаанд. Кашфиёти нодири археологии Саразми панҷунимҳазорсола, Панҷакенти қадим, ки Помпеи Шарқаш хонанд, Истаравшану Ҳулбук, Ҳисору тахти Сангин, Хуҷанди бостонӣ, ки тирози ҷаҳонаш номанд, Вомару Қаҳқаҳа ва даҳҳо ёдгории дигари меъмории садаҳои гузашта ба ин гувоҳанд.
Балхро аз ҷумлаи қадимитарин шаҳри ҷаҳон мешуморанд ва муаррихони Юнони бостон онро «модари шаҳрҳо» унвон кардаанд. Балх дар масири таърихии худ пойтахти давлатдориҳои умарову салотини бешуморе будааст.
Сарнавишт ба Ҳирот низ ҳамин шаъну шукӯҳ ва шуҳрату азаматро ато кардааст, ки замоне дар бари хеш дарбори шоҳону амирони зиёдеро ҷо додаву дар оғӯши меҳрпарвараш садҳо нафар шоирону мутафаккирони барҷастаи миллиро тарбият намудааст.
Бухорои шариф, Бухорои «маркази ислому дин» ҳазор сол муқаддам пойтахти нахустин давлати миллии тоҷикон- Сомониёну Исмоили Сомонии бебоку меҳанпараст, фарзонаву гундо ва хирадгустару хирадпарвар қарор гирифт ва модаршаҳри тамаддуни миллати фарҳехтаю озода буд. Дар гузару маҳаллоти Бухорои асри X тавассути қубурҳои гаҷӣ шабакаи обрасонӣ вуҷуд доштааст. Донишмандон, адибон, аҳли ҳунару пешаварӣ, тоҷирон, намояндагони даҳҳо касбу кор дар ин хоку об парвариш ёфтаву номи шаҳрашонро маъруфи ҷаҳон кардаанд. Баъдҳо ҳам, гарчанде давлатдории миллии мо бебозгашт аз миён рафту сарзамини тоҷикон ҳамеша миёни давлатдориҳои қавму қабоили мухталифи турку муғул аз даст ба даст мегузашт, Бухоро аҳамияти худро чун шаҳри бузургу обод ва пойтахт ҳеҷ гоҳ гум накард. Пеш аз Инқилоби Октябр вай пойтахти амирони манғит буд, ки давоми ду садсола дар Осиёи Миёна бар мулкҳои тоҷикнишин ва дигар ҳудудҳои минтақа ҳукумат кардаанд.
Самарқанди кандманд дар наздикии Бухоро ба мисли нигинест дурахшон. Агар фосилаи он ду шаҳри қадимаи тоҷиконро ба инобат бигирем, он мисли Москва ва Санкт-Петербург («пойтахти шимолӣ») мебошад. Шуҳрат ва тавсифи ин маркази тамаддуни тоҷикон чи дар гузашта ва чи имрӯз ба қалам ҳоҷат надорад. Меъморони чирадасти самарқандӣ ҳунари худро то ба Ҳинд бурда, он ҷо барои шоҳзодагони темурӣ қасру кӯшкҳои муҷаллою пурдабдаба офаридаанд, ки аз шоҳкорҳои беназир маҳсуб шуда, «муъҷизаи дасти одамизод» унвон гирифтаанд.
Таърихи башарият хеҷ гоҳе мантиқӣ ва аз рӯи низоми муайян набудааст. Халқу миллате нест, ки сарнавишташ осон, бидуни муаммою печидагиҳо рақам хӯрда бошад. Раванди воқеаҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба тақдири халқҳо дигаргуниҳои ғайриинтизор ва ғайри қобили дарк ворид кардааст. Мулоҳиза кунед, агар мантиқеву низоме мебуд, имрӯз халқу миллатҳо ба ин ҳад паҳну парешон намешуданд ва ҳар яке дар ҳудуди давлатҳои мансуби хеш зиндагӣ мекарданд, давлатҳои махлуту сермиллат ба миён намеомаданд, тарки макони зист, ҷойивазкунии халқҳо сурат намегирифт, миллатҳои бедавлат ва аз истиқлол маҳрум намешуданд. Аммо воқеият чунин аст ва бо он бояд сохт, созиш кард. Кӯшиши дигаргун кардани вазъият ба ҷуз ҷангу харобиҳои беохир натиҷаи дигаре ба бор намеоварад. Арзиши аз ҳама муқаддам дар ин маврид ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ҳар куҷое ҳаст, бояд риоят шавад, барояш шароити зиндагӣ фароҳам гардад.
Масъалаи интихоби пойтахт пеш омад. Дар Бухорои шарқӣ он замон шаҳре, ки муносиби шаҳр гуфтан бошад, вуҷуд надошт. Бинобар ҳамин, интихоб сари деҳаи Душанбе қарор гирифт, ки то ин вақт, дар охирҳои асри XIX-аввалҳои асри XX тафреҳгоҳи тобистонаи беки Ҳисор будааст. Ин ҷо рӯзҳои душанбе бозор мешудааст ва номаш аз ҳамин ҷост.
Зимнан, бояд гуфт, ҳафриёти бостоншиносӣ собит кардаанд, ки пойтахти мо таърихи қадимтаре низ дорад. Дар замонҳои Юнону Бохтар ва давраи Кӯшониён ин ҷо шаҳри на чандон калоне мавҷуд будааст, ки то ба истилои муғулҳо арзи ҳастӣ кардааст.
Соли 1924 Душанбе як деҳаи назарногире буд, бо кулбаҳои похсагини болояшон найпӯш. Танҳо як бино бо ободй ва намуди беҳтари худ аз кулли деҳа тафовут доштааст. Он беморхона буда, бо ташаббуси зиёиёни пешқадами рус, тавассути аскарони маскуни рус ва мардуми маҳаллӣ соли 1911 сохта шудааст. Бино то давраи бунёди боғи «Рӯдакӣ» дар ҳудуди шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ вуҷуд дошт.
Нахустин иншооти ҳозиразамон дар пойтахти Тоҷикистон бинои Театри ба номи В. Маяковский ба шумор мерафт, ки соли 1928 сохта шуда, дар он мақомоти марказии ҷумҳурӣ қарор доштаанд. Сипас, соли 1931 бинои Совнаркоми (Ҳукумати) РСС Тоҷикистон қомат рост кард, ки то ҳамин қарибиҳо рӯ ба рӯи шаҳрдории Душанбе вуҷуд дошт. Солҳои сиюму чилуми асри гузашта дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бисёр биноҳои замонавӣ, аз ҷумла Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раёсати Академияи фанҳои Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои омӯзгорию тиббӣ, собиқ Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ғайра сохта шудаанд.
Бунёди биноҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, чойхонаи «Роҳат», Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи меъмории майдони «800-солагии Москва», Бонки миллии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳои «Вахш», «Помир», «Пойтахт», Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, хонаи хизмати маишии «Садбарг», як зумра биноҳои бисёртабақаи истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба солҳои панҷоҳуму шастум рост меояд.
Солҳои 70-уму 80-ум дар пойтахти мо, аз ҷумла, биноҳои меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Кохи «Борбад», Хонаи нависандагон, Кохи «Ваҳдат», меҳмонхонаи «Авесто», Сирки давлатӣ қомат рост кардаанд ва шаҳр ба атроф хеле густариш пайдо карда, ободу зебо гардид.
Осон набуд як деҳаяки хурдро ба шаҳри замонавӣ- пойтахт табдил додан. Дар ин роҳ чандин насли одамон заҳмат кашидаанд. Аммо бо ин ҳама, Душанбе як шаҳри дурафтодаи музофотии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Навигариҳою дигаргуниҳо ба ин ҷо аз ҳама охир мерасиданд. Барои чӣ бошад, ки дар шаҳр солҳои мадид биноҳои аз чортабақаю панҷтабақа боло намесохтанд. Хонаҳои 9-12- табақа аҳёнан танҳо солҳои 80-ум пайдо шуданд. Худи раванди сохтмон, бо кундӣ пеш мерафт. Баъзе сохтмонҳо солҳо тӯл мекашиданд, ки сабабаш аз афти кор, камбуди маблағ буд.
Марҳилаи ҳалкунандаи рушд барои пойтахти мо баъди истиқлоли кишвар ва қатъи ҷанги шаҳрвандӣ фаро расид. Тоҷикистон давлати мустақил шуд ва Душанбе рисолати воқеии пойтахти давлати соҳибихтиёр буданро ба даст овард. Масъулияти бузурге бар дӯши шаҳр бор шуд, аммо дар зимн, ихтиёрот низ ба дасти худи мо, соҳибватанон афтид, то ҳар қадар метавонем, пойтахтамонро обод созем, онро ба як шаҳри муосири пешрафта табдил бидиҳем, то анъанаҳои деринаи шаҳрсозиамонро эҳё карда, аз Душанбеи азиз Балху Ҳироти наве, Самарқанду Бухорои наве ба вуҷуд оварем.
«Офтобро бо доман пӯшонида намешавад» — фармудааст халқи хирадманди тоҷик. Хурду калон медонанд, ки ҳар як ибтикоре, ташаббусе, навоварие, ки дар Ватанамон амалӣ гардидааст, бе ягон шакку шубҳа, бо исми шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон решапайванд аст. Ва он чиз, ки имрӯз Душанбеи азизи мо користони бузургеро мемонаду босуръат ба як шаҳри замонавӣ табдил мешавад, маншаъ дар сиёсати пайгиронаву собитқадамонаи Сарвари давлатамон бобати ободонии мамлакат ва таъмини зиндагии хубу шоистаи мардум дорад.
Ин далел ба дурустии ҳикмати деринаи гузаштагони барӯманди мост. Насируддини Тӯсӣ дар асари хеш «Ахлоқи Носирӣ» фармудааст:
«Тавре ки неруи тан дар хислати табиист, неруи хислат дар рӯҳ, неруи шаҳрҳо дар ҳокимонашон, неруи ҳокимон дар сиёсат, неруи сиёсат бошад дар хирад ниҳон аст. Ҳангоме, ки дар шаҳр хирад эътироф мешавад ва он ҷо қонуни Ҳақ ҳукмравоӣ мекунад, назму тартиб мешавад ва майлу такомулаш ба зуҳур меояд».
Барҳақ бузургони мо неруи шаҳрҳоро дар ҳокимонашон, неруи ҳокимонро дар сиёсат ва неруи сиёсатро дар хирад медонистанд. Дар сиёсати созандаи Пешвои миллатамон аз аввалин рӯзҳои истиқлолият хиради волое зуҳур кард, ки он ҷомеаро сарҷамъу муттаҳид гардонда, неру бахшид ва таҳкурсии рушди босуботи кишвар, аз ҷумла пойтахти азизамонро фароҳам овард. Натиҷаи ҳамин сиёсат аст, ки Душанбе, шаҳри ба мақоми пойтахти давлати воқеии соҳибихтиёр расида захмҳои аз ҷанги шаҳрвандӣ гирифтаашро ба зудӣ даво бахшида, рӯ ба пешрафт ниҳод.
Пойтахт аз гирдиҳамоиҳои тӯлонӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум бо тани абгору дардманд ва вазъи хароб берун омад. Мушкилиҳои дигар низ ба ин зам буд: аҳолии Душанбе ба як миллион нафар наздик мешуд, аммо манзил намерасид, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обрасонӣ ҳам кӯҳнаю фарсуда шудаю қисман кор намекарданд ва ҳам қудрати бардошти вазнинии мазкур- шаҳри сернуфусро надоштанд. Ҳалли ин ҳама масъалаҳои душвор ба зиммаи роҳбарияти шаҳрдории Душанбе афтод, ки бо ақлу тадбир ва ҷидду ҷаҳд раванди барқарор кардану бозсозии пойтахтро ба роҳ монданд. Ҳаёти муътадил ба шаҳр бозгашт, дар роҳи рафъи мушкилиҳо икдомҳои муҳим сурат гирифтанд, ба ободонию дигаргуниҳо, сохтмонҳои наву азим ибтидо гузошта шуду тадриҷан вусъат гирифт.
Имрӯз эстафетаи мазкурро ҳайати нави шаҳрдории пойтахт бо сарварии раиси ҷавони худ идома медиҳад. Рустами Эмомалӣ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба ин кори бузург- навсозии пойтахти тоҷикон неруи ҷавонӣ овард. Пойтахти мо бо суръати ҳайратангез наву дигаргун мешавад, симояшро ба таври шинохтанашаванда иваз мекунад, на фақат ба як мегаполиси боҳашамати саноатӣ, балки ба шаҳри гуворои илму фарҳанг, фароғат, сайру саёҳат низ табдил меёбад. Тақозои адлу воқеъбинӣ ин аст, ки мо ба ҷаҳду талош, кордонӣ, ботадбирӣ, завқи баланди шаҳрсозию зебоишиносии сарвари ҷавони пойтахт дар раванди бозсозиҳои он тан бидиҳем. Мавриди зикр аст, ки дигаргуниҳои бузург дар Душанбе бидуни намоишкорӣ, бо фурӯтании хосса, ки зиннатбахши раиси ҷавони мост, сурат мегиранд.
Аммо, нахустин иқдоми бузурге, ки дар амри созандагии пойтахти беназирамон амалӣ гардид, ин дар дили Душанбе қомат афрохтани Маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки он мабдаи ифтихори миллати мо ва намоди давлатдории навини тоҷикон аст.
Баъдан дар Душанбе Қасри Миллат, Кохи «Наврӯз» -у «Наврӯзгоҳ», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, маҷмааи меъмории «Боғи Ирам» ва даҳҳо коху кӯшкҳои дигар бунёд шудаанду мешаванд. Чашми мо акнун ба дидани биноҳои 13,15,20, 30-қабата одат мекунад, ки ин шабу рӯзҳо бо суръат майдонҳои холиро пур мекунанду ҷойи биноҳои фарсудаи 4-5-қабатаро мегиранд. Дар бунёди онҳо навтарин ихтирооту пешниҳодоти меъморию муҳандисии ҷаҳонӣ, масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ рӯи даст қарор дорад.
Дар кӯчаю хиёбонҳо гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ, эстакадаҳо пайдо мешаванд. Ҷилонокӣ ва нақшу нигори роҳу пайраҳаҳо чашму пойҳоро роҳат мебахшанд.
Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» шароити зиндагии сокинони пойтахтро беҳтар карда, ба хонаҳо нури наву гармӣ овардааст. Парки нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста густариш меёбаду нав мешавад.
Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт. Аммо бозсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нестанд.
Беихтиёр шаҳрҳои бузурге ба ёд мерасанд, ки одамон аз гарду чанг ва бӯи тааффуномези бензин нафаси роҳат надоранд, мемиранду бемор мешаванд, дар мо ин ҷиҳати масъала- фароғат, саломатию бардамии инсон аз ҳоло дар ҳисоб аст.
Калонтарин бозорҳои Душанбе акнун дар биноҳои муҳташаму зебои болопӯшида ҷой гирифтаанд ва дигар он растаҳои қадимиро дар кам ҷое метавон пайдо кард.
Хулласи гап, пойтахти азизи мо имрӯз дар чанд самт-ҳам ба паҳно, ҳам ба боло ва ҳам ба дохил густариш меёбаду таҷдид мешавад, ҳашамату ҷалол касб карда, бо суръат ба як шаҳри замонавӣ мубаддал мегардад.
Арзиши ҳама амал дар қиёс равшан мешавад. Ба ёд меорем он айёмеро, ки Ватани азизамон соҳибихтиёр гардиду бо соири кишварҳои дунё робитаҳои мустақими дипломатӣ барқарор намуд. Маъмулан, дар ин маврид сафару ташрифҳои давлативу расмии роҳбарони кишварҳои ҷаҳонӣ сурат мегиранд. Вале дар он солҳо мо имконияту зарфияти қабули ҳатто як роҳбари давлати дӯстро надоштем. Имрӯз пойтахти мо метавонад дар як вақт даҳҳо сарварони кишварҳоро ба оғӯши пурмеҳру навозиши худ бигирад. Ва ё дар ҳамон солҳо мо намедонистем меҳмонони воломақоми хешро бо кадом ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ё арзишҳои имрӯзаи фарҳангии халқамон ошно созем. Ҳоло ҳар як бинанда ба Кохи «Наврӯз» ё Осорхонаи миллӣ, Қалъаи Ҳисор ё «Наврӯзгоҳ», Парчами милливу Нишони давлатӣ, маҷлисгоҳу толорҳои бошукӯҳ, боғу гулгаштҳои ҳамешабаҳори мунаққаш, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои эҳёгардидаи халқи бузургворамон бо дидаи таҳсину ваҷд ва эҳтироми бештаре менигарад.
Имрӯз шаҳри сулҳ-Душанбе ба унвони амнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону ободӣ, бехдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд.
Яке аз шабакаҳои телевизионии хориҷӣ ба наздикӣ мусоҳибаеро бо Масъуди Сипанд, шоири маъруфи эронии муқими Амрико манзур кард. Шоир таассуроти хуши хешро аз дидани манзараҳои пойтахти мо, биноҳои муҳташам ва нақлиёти ҳозиразамонаш баён карда, Душанберо яке аз беҳтарин шаҳрҳои Ховари Миёна номид. Ин баҳо аз ҷониби як шоири тавонои ҳамзабонамон, ки албатта, кам шаҳреро надидааст, басо боварибахш қабул мешаваду муҷиби ифтихор аст.
Мутафаккирони гузаштаи мо дар вақташ ҳамеша орзуи зиндагӣ кардан дар «шаҳри накӯкорон» ё «шаҳри некаъмолон»-ро доштанд, ки меъёру низомҳои баланди ахлоқию ҳукуқӣ моҳияти ин гуна шаҳрро ифода мекард. Масалан, дар таълимоти ахлоқии мутафаккироне, чун Форобӣ ва Насируддини Тӯсӣ мушаххасоти ин гуна шаҳру ҷомеаҳо баррасӣ ва шаъну шарафу бешарафиҳои бошандагонашон баҳогузорӣ гардидааст. Форобӣ яке аз чунин шаҳру ҷомеаҳоро «шаҳри фозила» унвон кардааст, ки дар он сокинон ба ҳамдигар ёрӣ расонда, фардҳоро аз рӯйи афзалият ва шаъну шарафи инсониашон қадр мекунанд. Ба вуҷуд овардани ин гуна шаҳр орзуест, ки онро донишмандони бузург тӯли қарнҳо дар дил парваридаанд.
Ободкориҳое, ки имрӯз дар пойтахти давлати тоҷикон ҷараён доранд, тозагию озодагӣ ва зебоиҳои он, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон, фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Бошад, ки мо ба ин восита Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, «шаҳри накӯкорон» табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонем.
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
номзади илмҳои фалсафа