ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ОРЗУҲО. Таассурот аз як сафари хотирмон ба Душанбе
ДУШАНБЕ, 8.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар доираи барномаҳо оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе-шаҳри орзуҳо» доир гардид.
Дар Фестивали мазкур иштирокчиён аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд. Мо зимни иштирок дар он дӯстону шиносҳои нав пайдо намудем ва итминон дорам, ки баргузории ин гуна саёҳатҳо ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстонаю бародарона дар байни сокинони гуногуни мамлакат, ҳамчунин рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро дар урфият беҳуда намегӯянд, ки «меҳр дар чашм аст».
Ба ҳайси иштирокчии ин Фестивал дар арафаи Соли нави мелодӣ имкон пайдо намудам, ки ба пойтахти давлати азизамон- шаҳри Душанбе сафар кунам. Дар рӯзи оғози фестивал сараввал бо тарзи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, фаъолияти шуъбаи Академияи байналмилалии Кембриҷ дар пойтахт ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардидем.
Ҳамчунин боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, иншооти хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва мавзеъҳои диданбоби сайёҳии шаҳрро тамошо намудем.
Дар ин рӯз вакилони Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ дар ҳамоиши ҷумҳуриявии «Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: 2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-кафили рушди устувор», ки дар кори он аъзои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату идораҳои дахлдор ҳузур доштанд, иштирок намудем.
Зикр гардид, ки мақсади асосӣ аз ин ташаббусҳо- амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод намудани давлатамон ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад. Ҳамзамон сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни ин сафар бори дигар аз мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёд гардида дидан намуда, ба қудрату фаҳмиш ва талошҳои шаҳрдори ҷавон таҳсину офаринҳо гуфтем. Воқеан, имрӯз Душанбе ба як шаҳрои орзуҳо табдил ёфтааст.
Ҳабиба САФАРОВА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Норак








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






