Филми коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзов сазовори ҷоизаи Фестивали байналмилалӣ дар Чин гардид

Январь 15, 2019 09:05

ДУШАНБЕ, 15.01.2019  /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 11 – 13 январи соли 2019 дар шаҳри Вейфанги музофоти Шангдонги Чин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметражи Вейфанг баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар доданд, коргардонҳои тоҷик ба фестивал се филм пешниҳод карданд. Бо назардошти ба қатори беҳтарин даҳгонаи филмҳои хориҷӣ шомил шудан, ҳайати ҳакамони фестивал филми «Бархӯрд»-и коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзовро сазовори ҷоиза донист.

Ҳамчунин дар доираи фестивал ҳамоиши коргардонҳои филмҳои кӯтоҳметраж баргузор шуд, ки дар он атрофи масоили мубрами соҳа ва рушди ҳамкории минбаъда табодули назар сурат гирифт.

Шумораи умумии филмҳои кӯтоҳметражи ба фестивал пешниҳодшуда беш аз 2900 ададро ташкил дод, ки аз онҳо 100 филм маҳсули эҷодиёти коргардонҳои хориҷӣ мебошанд.

Январь 15, 2019 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад