«Financial Times» ба хонандагони худ тавсия додааст, ки аз Тоҷикистон боздид намоянд
ДУШАНБЕ, 03.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба сайёҳон барои боздид дар соли 2019 тавсия медиҳад.
Дар баробари Тоҷикистон инчунин ба ин рӯйхат Камбоҷа, ҷазираҳои Фарер, Руанда, Уммон, Эритрея, Белиз ва Италия ворид шудаанд.
Тоҷикистон дар рӯйхати FT дар мақоми шашум аст.
Муаллифони ин мақола боздид аз қисмати шимолии Тоҷикистонро тавассути Ӯзбекистон маслиҳат медиҳанд. Онҳо зикр мекунанд, ки бо шарофати низоми нави раводиди электронӣ ба Ӯзбекистон сафар кардан хеле мувофиқ гардидааст, бештар аз Аврупо ба Тошканд ва тавассути роҳи оҳани босуръат аз Тошканд ба Самарқанду Бухоро имконияти сафар кардан мавҷуд аст.
Зикр карда мешавад, ки «дар оғози ин сол сарҳад миёни Самарқанд ва Панҷакент, ки дар шимолу ғарбии канори Тоҷикистон қарор дорад, кушода шуд».
«Субҳгоҳон шумо метавонед гумбазҳои дурахшони давраи темуриҳоро дар Самарқанд бубинед ва дар деҳаҳои дурдасти Яғноб гаштугузор намуда, то нисфирӯзӣ аз тамошои кӯҳҳои Фон баҳра бардоред»,- гуфта мешавад дар мақола.
Инчунин зикр мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат изҳор доштанд, ки шумораи сайёҳон соли 2018 дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст ва ин имкон медиҳад, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ ва ташрифи сайёҳон ба мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ аз 2 январи соли 2019 солҳои 2019-2021-ро дар мамлакат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро барои иҷрои ин фармон дар муддати як моҳ таҳия ва пешниҳод кунад.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






