«ХОҲАМ ҲАМАГОНӢ БОД ИН ҶАШНИ САДА…». Иди фархунда бо рангу бори нави бадеӣ дар пешниҳоди Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Январь 28, 2019 14:58

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо, вақте мо ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон, бо ангезишҳои худшиносӣ ва Ваҳдати миллӣ  дар ҷустуҷӯ ва барқарорсозии суннату анъана ва ҷашну маросимҳои қадимаи халқамон мешавем, пеш аз ҳама,  рӯ меорем ба сарчашмаҳое, ки  хуҷастагиҳои миллии моро дар худ маҳфуз доштаанд ва инҳо пеш аз ҳама, асарҳои безаволи адибону олимони бузурги мо, амсоли “Шоҳнома” –и безаволи Ҳаким  Фирдавсӣ, асарҳои Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар  гузаштагони хуҷастаамон  мебошанд, ки дар ин маврид  ҳоҷатбарори моянд. Маросиму суннатҳое, ки симои маънавию фарҳангии миллати моро дар худ таҷассум мекунанд, пеш аз ҳама, дар осори онҳо мондагор шудаву имрӯз сарчашмаи ягонае гардидаанд, ки ба шарофаташон мо огоҳӣ аз гузаштаи пурифтихору шахсиятҳои таърихиамон, аз фазилату одоби халқамон ба даст меорем. Боз ҳам мо мадюни қалами сеҳрноку мӯъҷизаофари адибон ва олимони номдори гузаштаамон ҳастем. Ин худ далели бузургии илму адаб ва сеҳри қалами нависандагони фазилатпарвари мост.

 Адабиёт ҳамеша яке аз сарчашмаҳои безаволи фарҳанги гуаштаи халқ аст ва далели дурахшони он “Шоҳнома” –и безаволи Ҳаким Фирдавсист, ки ба мо маълумоти бебаҳои таърихиву асотирӣ аз гузаштаи пурифтихорамон медиҳад. Агар боз ҳам амиқтар равем ва   маълумоти қадимитарро ҷӯё шавем,  рӯ меорем ба китоб ва сарчашмаҳои қадимитаре, ки низ маҳсули қалами эҷодкоранд ва чунин китоби безавол дар таърихи шарифи халқи мо, бидуни шубҳа, китоби муқаддаси “Авасто” ва дигар китобҳои таърихи қадимиямон мебошанд.  Имрӯз ба шарофати ин китобҳо, хусусан “Шоҳнома”-и безавол, мо аз таърихи сарзамини Ориён,  саргузашти шоҳони каёнӣ, қаҳрамониҳои беназири Рустаму Сӯҳробу Сиёвушу дигарон, суннатҳои мондагоре, мисли Наврӯзу Меҳргон, ҷашни Сада ва даҳҳои дигар огаҳӣ пайдо мекунем. Ба шарофати ин китоби мондагор аст, ки мо аз нахустин Парчами миллиамон, аз дирафши коваёнӣ ва ливои фаридунӣ ва дигар муқаддасоти таърихии халқамон маълумот пайдо кардаем. Ин аст бузургии адабиёт ва сабаби арҷгузории халқи мо ба китобу қалам ва муқаддас шуморидани онҳо.

Халқи тамаддунпарвар ва нексиришти мо имрӯзҳо шояд дурахшонтарин замони мавҷудияти худ- замони пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро аз сар мегузаронад. Адибони замони мо низ бо камоли масъулият ва ифтихори ватандорӣ ҳар соату ҳар лаҳзаи ин замони таърихиро таҷассум дар каломи бадеъ мегардонанд, ки дастовези шоистае барои ояндагон гардад. Инак, ҷашни фархундаи Сада бо рангу бори нави бадеӣ дар замони истиқлолият дар ашъори адибони муосир низ ҷило ва дурахши  тоза меёбад ва намунаи онро дар мисоли тозагониҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба Шумо пешкаш мекунем.

ҶОВИДУ ҶАҲОНӢ БОД ИН ҶАШНИ САДА

Рубоӣ

Имрӯз Ватан маҳзари эҳё бошад!

Эҳёи Сада мубораки мо бошад!

Ғамҳои куҳан бисӯз дар оташи ӯ,

То нури фурӯғи раҳи фардо бошад!

 

Дар  оташи ҳар Сада ғами пор бисӯз!

Дар оташаш афрӯхтани хеш омӯз!

То гарм шавӣ ҳазор соли дигар,

Оташкадаро ту дар ниҳодат афрӯз!

 

Наврӯзу Сада ҷашни ниёкони мананд,

Оинаи фазлу хайру эҳсони мананд.

Гар миллати ман ҳазор солон зиндаст,

З-ин рӯст, ки инҳо сипари ҷони мананд.

 

Эй миллати ман, халқи нигаҳбони Сада!

Сар то қадамат оташи тобони Сада!

Бо партави нав бихез дар ҳафт иқлим,

Бо қомати шӯълавар ба ҷавлони Сада!

 

Хоҳам ҳамагонӣ бод ин ҷашни Сада,

Пайванди амонӣ бод ин ҷашни Сада,

Мақсуди Сада на сӯхтан, сохтан аст,

Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!

 

Барф омаду гулхани ниёкон афрӯз!

Гулханда биёр, гулхани ҷон афрӯз!

Бо нусрати ҷон оташи ҷашни Садаро

То ҳафт осмони Тоҷикистон афрӯз!

 

Ин оташи мо оташ алайҳи сармост,

Хуршеди фурӯзони шабони ялдост.,

Ин оташи мо оташи созанда бувад,

К-аз як шарари муҳаббати мо бархост.

 

Аз синаи санг шуд бурун оташи ман,

Аз бурсу заранг шуд бурун оташи ман,

Бар рағми шаби сиёҳу  он мори сиёҳ

Аз пайкари нанг шуд бурун оташи ман.

Қитъаҳо

Сармояи  эзадист  ин оташи мо,

Посух ба ҳама бадист ин оташи мо.

Эъҷоз бубин, бубин, ки  сад аср гузашт,

Дар тиннати мо бизист, ин оташи мо.

***

Оини каюмарсӣ дар суннати тоҷикон,

Поянда ҳамебодо чун ҳиммати тоҷикон,

Оташкада маҳфуз аст аз баъди ҳазорон сол,

Дар табъу дили гарми беминнати тоҷикон.

***

Тоза кун ғамҳои моро оташи поки Сада,

То ба менӯ нурборон бод афлоки Сада.

Ҳар куҷо зулм асту зулмот асту ҳар ҷо тирагист,

Нурафшон бод он ҷо дасти бебоки Сада.

***

Аё, Меҳан фурӯзон бод аловат,

Сафоафшон фурӯғи офтобат

Ҳамеша нур бахшо, миллати ман,

Ҷаҳонро бо вуҷуди бениқобат.

***

Оташ намои  мо, кафи дасти дуои мо,

Мероси монда аз фару нури ниёи мо,

Созанда бош то абад, сӯзанда ҳеҷ гоҳ,

Моро фурӯғ бахш ба рӯи Худои мо.

***

Рӯ ба оташ даст бар Хуршед будӣ, халқи ман,

Мазҳари нуру сафову ид будӣ, халқи ман,

Рӯи Наврӯзу намои Меҳргон, рози Сада,

Як башоратномаи Эзид будӣ,  халқи ман.

***

Ба обонрӯзи ман дар моҳи баҳман,

Раҳо кардӣ маро аз зулмати тан,

Аҳуроӣ — фурӯғи эзадиям!

Фурӯзонӣ аз ин пас дар мани ман.

***

Бо оташи дил, ки дар танам бедор аст,

Чор унсури ман дар тани ман подор аст.

Гар ман наяму оташи ман дар ҷонам,

Дунё ҳама тору сарду нодаркор аст.

25.01.2019.

ҶАШНИ САДА

Равшанӣ афрӯхт дар рӯи ҷаҳон ҷашни Сада,

Мерасад чун нури Ҳақ аз осмон ҷашни Сада.

Дар дари дарвозаи Наврӯзи хушпайку қадам,

Оташ афрӯзад ба каф чун армуғон ҷашни Сада.

То ки зулмоти ҷаҳонро афканад аз дӯши мо,

Мерасад бо нурҳое дар равон ҷашни Сада.

Аз сари нанг, аз сари санг, аз сари дасти Ҳушанг

Шӯълаафшон меравад то бекарон ҷашни Сада.

То дар ин оташ бисӯзад пайкари мори сияҳ,

Меравад чун озарахш аз умқи ҷон ҷашни Сада.

То шавад равшан ниҳоди одамин андар ҷаҳон

Мешавад афрӯхта з-ин остон ҷашни Сада.

Халқи тоҷик зодаи фарҳанг, рӯйи неки ӯ

Рӯйи Наврӯз асту рӯйи Меҳргон, ҷашни Сада.

Мисли садҳо асри пешин, чун ҳазорон соли пеш,

Боз ҳам моро зи зулматҳо раҳон, ҷашни Сада!

Ҳамчу пайғом асту нури ҷодаи мардонагӣ

Машъале дар рӯи дасти тоҷикон – ҷашни Сада!

 Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Январь 28, 2019 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент