«ҲИФЗИ САРҲАД ВАЗИФАИ ТАНҲО САРҲАДБОНОН НЕСТ…». Дар партави Паёми Пешвои миллат ходими илмии АИ Тоҷикистон Некбахт Дороншоева роҷеъ ба масоили мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба тадқиқоти илмӣ шуруъ намуд

Январь 5, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои  худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи  истиқлолияти сиёсӣ ва пойдории ваҳдату суботи кишвар буда, ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакатро муайян  менамояд. Дар робита ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои  Тоҷикистон Некбахт Дороншоева чунин ибрози андеша намуд:

Яке аз проблемаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат изҳор ёфтааст-ин  нигаронии  Президенти мамлакат аз шиддат гирифтани хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ,  терроризму экстремизм ва шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ  мебошад. Президенти мамлакат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро огоҳ сохтанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии хеш кӯшиш намоянд.  Ҳамзамон  шаклу  усулҳои муосири  мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳоро тақвият диҳанд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Прокуратураи  генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия  ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки вазъи  ҷаҳони муосир дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб  мешавад. Аз ин рӯ бояд Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, садоқат ба Ватан, тарбияи кадрҳо, риояи Оинномаву низомномаҳо, интизоми ҳарбӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқи эътибори доимӣ диҳанд.

Садди аввали  мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад. Дар ин замина, Президенти ҷумҳурӣ бори дигар хотиррасон менамоянд, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву  суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.

Банда ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ  намуда, дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири мубориза зидди радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ» таҳқиқот анҷом дода истодаам, то  нуктаҳои  назариявӣ ва амалии  шинохти ин падидаи номатлуб, муборизаи беамон бо онро муайян намуда, саҳми худро дар раванди муқобила ба терроризм ва экстремизм гузорам.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он,  қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ  дар ин самт изҳор менамояд. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат бештар дар ҳамаи самтҳои таъмини амният ба падидаи ҳушёрии сиёсӣ таъкид намуданд, ки ин  ба худшиносию худогоҳии миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Паёми мазкур дастури сиёсиест, ки дар рушду нумӯи кишвари азизамон нақши муҳими геостратегӣ дорад.

Январь 5, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид