«МАН ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДУ ОСОИШТАРО ДӮСТ МЕДОРАМ…». Ё чаро дар мавҷи Радиои «Ховар» китоби «Доғистони ман»-и Расул Ҳамзатовро қироат мекунанд

Январь 24, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 24.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Шумораи хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» ва  шунавандагони  Радиои «FM Ховар» пайваста меафзояд. Инро  аз рӯи теъдоди  номаҳо,зангҳои телефонӣ ва шарҳу баёни афкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни  барномаҳои  ин радио, ки вақтҳои охир асосан ба мавзуҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарҷеҳ медиҳанд, ҳадс задан мумкин аст.

Муфассал дар ин бора – дар ташреҳи директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ СИДДИҚ.

Бале, номаву муроҷиатҳо дар мавриди маводҳои сомона ва барномаҳои  радиои мо  торафт бештар мешаванд. Бино ба маълумоти ширкати «Ад-Медиа», тӯли ду соли охир  теъдоди миёнаи хонандагони доимии сомонаи мо қариб ду баробар афзуда, ба беш аз 250 ҳазор нафар расидааст. Гуфторҳои барномаи моро тавассути сомонаи агентӣ дар интернет дар саросари олам метавонанд истимоъ фароянд.

 Сарфароз ва сипосгузорем, ки  маводҳои моро мехонанд, ба  гуфторҳои мо гӯш фаро медиҳанд, зиёда аз ин, мавзӯҳо ва масъалаҳое, ки кормандони  мо ба онҳо дахл мекунанд, хонандагону шунавандагонро бетараф намегузоранд.

Баъзе гуфторҳо ба сомеони мо мақбул мешаванд, баъзеи дигарро намепазиранд ё пазируфтан намехоҳанд.   Дар ҳар сурат ба завқу табъи ҳар кадоми онҳо мо эҳтиром мегузорем ва ҳангоми барномасозӣ  эътибор мекунем. Ҳарчанд ки, албатта, завқу эътибори хонандаву шунавандаро парвариш бояд кард ва ин вазифаи мо низ ҳаст, аз ҷумла тариқи гуфторҳои радио.

Аммо ҳоло роҷеъ ба ду навишта мехоҳам назари худро баён дорам,ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд. Яке суол кардааст: «Дар сомона ва радиои «Ховар» ҳоло дар бораи ҳаракати босмачигарӣ менависанду мегӯянд? Магар ин тарошаи аз бом афтодаро намемонад?». Дигаре пурсидааст: «Чаро дар мавҷи радиои «Ховар» асари Расул Ҳамзатов «Доғистони ман»-ро қироат мекунанд?».

Инак, посух медиҳем. Сараввал – дар бораи босмачигарӣ.

Не, ба ин мавзуъ руҷуъ кардани мо «тарошаи аз бом уфтода» нест, зеро  феълан ин мавзуъ  дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавзӯи доғи рӯз табдил ёфтааст ва ҳар гуна каҷандешӣ дар иртибот ба ин мавзуъ ба ҷомеа метавонад зиён расонад. Бахусус, вақте ки баъзе ба ном «равшанфикрон» босмачигариро як навъ мубориза дар роҳи ҳимояи арзишҳои динӣ ва манофеи миллӣ маънидод мекунанд. Яъне, дидаю дониста ва ё надонистаю дарк накарда дурӯғ мегӯянд. Тавре  Фирдавсии бузургвор фармудааст:

Зиёни касон аз таҳи суди хеш,

Биҷӯянду дин оваранд пеш.

Ин мубоҳиса аз он шуруъ шуд, ки сарвари ТЭТ Ҳизби наҳзат чанде пештар  оқибат ниқоб аз чеҳрааш баргирифт, худ ва ҳамравонашро босмачӣ номид ва аз ин ҳаракат пуштибонӣ намуд. Сомонаи «Cetrazia.ru» зимни як мақола Кабириро «раҳбари ҳаракати навбаромади босмачигарӣ» номида,  чунин навишт: «Кабирӣ чандин дафъа, аз ҷумла дар арафаи Рӯзи истиқлолият ва дар ҷараёни омодагӣ ба таъсиси «итттиҳод»-и наваш кӯшиш кард ҳаракати босмачигарӣ дар Осиёи Миёнаро корнамоӣ ва босмачиҳоро қаҳрамон, ҳомиёни халқ ва муборизони роҳи дин ва истиқлолияти Туркистон  нишон диҳад. Ӯ бар хилофи ақли солим босмачигариро чун ҳаракате муаррифӣ кард, гӯё миллатро зери парчами барқарор сохтани исломи воқеӣ муттаҳид карда метавонад…».

Ва чанд нафар ба ин сафсатта бовар карданд ва низ худро босмачӣ номиданд. Ва иддае        низ шояд ба ин сафсатта ҳамеша  бовар мекарданд ва маътали як ишорат буданд.

Сафсатта ва ботил  будани ин даъворо таърих кайҳо собит намудааст. Донишмандону  адибони зиёде дар бораи он ки босмачигарӣ ҳаракати торикӣ алайҳи рушноӣ, зулм бар алайҳи адолат ва қафомондагӣ бар алайҳи тараққиёт буд, асарҳо навиштаанд. Китоби «Дар бораи ҳаракати босмачигарӣ»-и муаррихи амрикоӣ Ҳасан Булей Паксойро варақ занед. Ё «Шанхайский регтайм»-и Пикароро. Ва хоҳед фаҳмид, ки босмачигарӣ чӣ ҳаракате ва Анвар-пошшо чӣ касе буд ва бо супориши киҳо ва кадом ҳадаф дар Осиёи Миёна ҳаракати босмачигариро роҳандозӣ намуд. Хоҳед фаҳмид, ки «регтайм» чист ва моли куҷост.

Худи калимаи «босмачӣ» аз вожаи «басмак»-и туркӣ гирифта шудааст ва маънои  «роҳзан» ва «ғоратгар»-ро дорад.

Вале, фикр мекунем,  танҳо  повести «Одина» ва романи «Ғуломон»-и устод Айниро, ки бародари худаш Муҳиддин-хоҷаро босмачиҳо дар пеши назари мардум ба қатл расонида буданд, хондан бас аст. Ва ё асари сегонаи Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Духтари оташ» ва  «Тахти вожгун»-ро.

Ва акнун дар бораи он ки чаро  имрӯзҳо тариқи радиои «Ховар» асари «Доғистони ман»-и Расул Ҳамзатов қироат карда мешавад.

Аввалан, Ҳамзатов яке аз адибони оламшумули қаламрави ИДМ аст, ки сазовори  мукофоти Ленинӣ,  мукофотҳои  давлатии собиқ СССР, Россия ва Доғистон, ҷоизаи «Шоири беҳтарини қарни 20-ум» (Италия), ҷоизаи адибони Осиё ва Африқо «Нилуфар», ҷоизаҳои Ҷавоҳилал Неҳру,  Фирдавсӣ, Шолохов, Фадеев ва ғайра  гардидааст.

Сониян, Ҳамзатов дӯсти адибони тоҷик, минҷумла дӯсти наздики устод Мирзо Турсунзода  буд ва ҳарду ҳамеша дар сафарҳо ҳамроҳ мегаштанд ва борҳо меҳмони ҳам шудаанд.

Солисан, Ҳамзатов дӯсти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик буд ва дар кишвари мо ҳаводорони зиёде дорад. Ёд дорам, даҳ сол пеш дар Душанбе маҳфили дӯстони Ҳамзатов ва ҳаводорони эҷодиёти ин шоири машҳур доир гардида буд. Дар он  адибон Муъмин Қаноат, Гулрухсор, профессор Талбак Назаров, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон бо меҳру муҳаббат дар бораи Ҳамзатов сухан гуфтанд.  Ортиқ Қодир шеъри машҳури ӯ «Турнаҳо»-ро  қироат намуд. Ва як филми коргардон ва наворбардори номии мо Заур Дахте дар бораи Рӯзҳои адабиёти Доғистон дар Тоҷикистон, ки соли 1982 доир гаштаанд, намоиш ёфт. Дар он филм дида мешуд, ки  чӣ тавр мардуми тоҷик Расул Ҳамзатовро бо муҳаббат ва ихлоси беандоза пазироӣ  кардаанд ва Ҳамзатов низ бо чунин меҳру ихлос дар бораи тоҷикон ҳарф задааст.

Расул Ҳамзатов дар сарсухани худ ба китоби Аскар Ҳаким «…И снова взойдет солнце» ( Москва: «Советский писатель», г. 2004.) чунин навиштааст: Дар баландтарин кӯҳҳо, дар он ҷое, ки гӯё аз об нишоне нест, амиқтарин, тозаву булӯринтарин чашмаҳо меҷӯшанд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳамчунонки дар шеър аст, баландӣ аксаран мутаносиби амиқист. Парвози баланди қуллаҳои асроаср ҷовидони сухан ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мавлавӣ, Ҳофиз дар жарфои зиндагӣ, эҳсоси миллии ҷаҳоншиносӣ, рӯҳу равон, фарҳанги халқ решаҳои амиқ дорад. Шеър дар кӯшиши баландӣ ва амиқии хеш як мақсадро пайгирӣ мекунад, ки он дарёфти рӯҳи инсон мебошад, зеро нест чизе аз он баландтар ва амиқтар. Ва шеър дар ҳамгироии ҳар дуи ин муқобилафтодаҳо ба зуҳур меояд, чунонки баландӣ нест бе амиқӣ ва баръакс. Шеър таҳаррук, таҳарруки андеша ва эҳсосот аст, ки бидуни он на парвоз вуҷуд дораду на ҷараён. Тоҷикон дар гузашта яке аз адабиёти бузургро офариданд, ҳарчанд адабиёти асил наметавонад гузашта бошад, он на танҳо дар ҳоло ҳозир, балки дар оянда ҳам мусоир аст ва ҳамин адабиёт дар замони мо ҳам силсилаи номҳои дурахшонеро, ба монанди Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода пеш овард, ки ҳар яки онҳо бо худ қуллаи махсусеро муҷассам мекунад…».

Ҳамзатов ду бор ба кишвари мо омадааст ва   аз он ки аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ва Қафқоз оташи ҷанги бародаркуш аланга зад, сахт ошуфта ва дилхун гашта буд. «Ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад, ин даҳшат аст, вақте бародар хуни бародари худро мерезад, вақте инсонҳо шаҳру деҳоти худро харобу биёб мегардонанд», — гуфтааст ӯ дар мусоҳибааш ба рӯзномаи «Дагестанская правда» 25 апрели соли 1995.

Ва вақте ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт, ӯ аз шодӣ ҷои нишаст намеёфт ва чунин навишт: «Фақат ҷанг набошад шуд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи «сулҳ дар ҷанги бародаркушӣ»-ро дарёбад… Ман Тоҷикистони озодаву осоиштаро дӯст медорам, ки шабеҳи Доғистони ман аст. Тоҷикистонро ҳангоме ки дар телевизион мебинам, онро аз Доғистон фарқ намекунам. Вақте дар бораи Доғистон мегӯянд, гумон мекунам, ки Тоҷикистон бошад…».

Робеан ва аз ҳама асосӣ, Расул Ҳамзатов беҳтарин ватандӯст, вассофи Модар-Ватан ва тарғибгари худшиносиву худогоҳии миллист ва  китоби «Доғистони ман» гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. «Агар донам, ки фардо забони модарии ман мемирад, ман имрӯз хоҳам мурд», — навиштааст муаллиф дар ин китоб.  Ин китоб бо даҳҳо забон тарҷума ва нашр шуда, Доғистон, халқи авар ва куҳҳои  ин кишварро машҳури олам гардонидааст. Ба қавли худи шоир, вақте дар бораи Доғистон мехонем, гумон мекунем Тоҷикистон бошад. Маҳз барои ҳамин ҳар як сокини Тоҷикистон ва кишвари дигар ин китобро хонда, худро шаҳрванди олами андешаҳои Ҳамзатов тасаввур мекунад. Ин китоби андешаҳост. Ин китоб ба рағми хурофот, муллоҳои чаласавод, даргириҳои бемаънии маҳалливу қавмӣ ва бадхоҳони Доғистон нигошта шудааст. Ва Абдулло Зокир  низ ин асарро хеле зебо ва устодона  ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки аз он тарзи гуфтору навишт ва фасоҳати забони тоҷикиро метавон омӯхт…

Январь 24, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд