МИРЗО ТУРСУНЗОДА: «АДАБИЁТИ МО БОЯД РӮҲИ МУБОРИЗ ДОШТА БОШАД…». Шоири шаҳири тоҷик дар як мақолаи публисистии худ адибонро даъват карда буд, ки фаъол ва ҷасур бошанд

Январь 19, 2019 13:07

ДУШАНБЕ, 19.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли гузашта иброз доштанд, авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаргонии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.   

 Мулоҳизаҳои  Саидалӣ СИДДИҚ  дар ин бора.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон  Сарвари давлат аз  шиддат пайдо кардани кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

«Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад», — зикр намуданд Пешвои миллат.

Дар чунин вазъият, тавре Президенти мамлакат бори дигар зимни Паёми худ таъкид намуданд, «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати» ҳар як шаҳрванди кишварамон «ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Тарғиб ва талқини эҳсоси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ дар байни ҷомеа  — ин пеш аз ҳама вазифаи  муқаддаси зиёиёни мамлакат аст. Чуноне Пешвои миллат 19 марти соли гузашта дар мулоқоти анъанавии худ бо зиёиёни  кишвар изҳор намуданд, тараққиёти минбаъдаи илм, маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои зиндагии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба дӯши аҳли зиё ҳамчун нерӯи пешсафу пешбаранда вогузор мегардад. «Давлати мо наздик ба бисту ҳафт сол аст, ки дар роҳи истиқлолияти сиёсӣ ва низоми дунявӣ устуворона қадам ниҳода, ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст.Моро зарур аст, ки ин комёбиҳои миллати тоҷикро васеъ тарғиб намоем ва ҷиҳати ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият аҳлона саъю талош карда, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.«Дар ин амри хайр ва корҳои созанда шумо — зиёиёни мамлакат бояд фаъол бошед ва аҳли ҷомеаро ҳидояту раҳнамоӣ намоед», — гуфтанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат зиёиён гуфта, адибон, рассомон, меъморон, оҳангсозон, рӯзноманигорон, синамогарон, намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус омӯзгорон, олимон, табибон ва аҳли фарҳангро ном бурданд.

Бубинед, Ҷаноби Олӣ пеш аз ҳама номи адибонро ба забон оварданд ва ин беваҷҳ нест. Адибон – шоирону нависандагон ва дигар қаламкашон дар ҳама давру замон пешоҳанги ҷомеа буданд, ҳастанд ва мемонанд, онҳо мардумро аз қафои худ мебаранд, ба одамон роҳи равшан, роҳи ҳақиқат ва ростинро нишон медиҳанд. Ва ба ин қодир ҳам ҳастанд, беҳуда адибонро «муҳандисони рӯҳи одамизод» ном набурдаанд. Адиби воқеӣ рӯҳшинос ва файласуф аст ва неку бади зиндагиро возеҳу равшан ифода карда метавонад.

***

Аз ин лиҳоз фаъолияти бештар нишон додани адибони муҳтарами мо дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, ки дар қатори ВИЧ,СПИД аз бемориҳои даҳшатнок ва хатарзои  замони имрӯза маҳсуб мешаванд,  аҳамияти  бузург хоҳад дошт. Ҳамон тавре, ки устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигар гузаштагони бузурги адабиётамон  бо осору ашъори худ  дар бедорӣ ва худогоҳии тоҷикон, таҳкими пояҳои давлат, ҳифзи арзишҳоли миллӣ ва тарғиби ватандӯстӣ  хидмати бузург  кардаанд.

Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 100—солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 ба ёд меорем. Пешвои миллат дар бораи    устод Айнӣ  чунин изҳори назар намуданд: «Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон  устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст».

Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам  сабақи бузург ва чароғи раҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.

Ё чаро Владимир Маяковскийро шоири бузурги рус меноманд? Зеро ӯ дар ҳаёти халқи рус он нақшеро дорад, ки адибони фавқуззикри тоҷик дар ҳаёти мардуми мо.  Маяковский шоири ватандӯст (патриот) буд, ба хотири  ривоҷи кишвараш шеър навиштааст. Мисраҳо аз шеърҳои публисистии ӯ «Марш времени», «Марш-оборона», «Урожайный марш» ба шиор дар соҳаҳои гуногуни ҳайти Россия табдил ёфтанд. Ӯ аз навиштани шеърҳои ташвиқкунанда (агитатсионӣ) ҳазар намекард.

Ва медонед мавзӯи асосии шеърҳои тарғиботии Маяковский, ки дар рӯзномаҳо дарҷ мешуданд, чӣ буд? Индустриализатсия ё саноатикунонии мамлакат. Ҳамон раванде, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ онро ҳадафи чаҳоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон эълон намуданд.

«Амрикоиҳо ҳайронанд»(«Американцы удивляются») — ном дошт яке аз  шеърҳои Маяковский дар бораи саноатикунонии мамлакати шӯравӣ. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе гуруҳҳо ва афроди алоҳида ба имконияти индустрикунонии Тоҷикистон низ бо назари шубҳа ва тааҷҷуб менигаранд. Дар ҷавоб ба онҳо адибону публисистони мо бояд бо далелу бурҳони қотеъ  асарҳо нависанд.

Вақти он расидааст, ки мо дар бораи сохтмон ва қаҳрамонони  НБО «Роғун»  асарҳои монументалӣ (калонҳаҷм ва мондагор)  офарем, чуноне адибони маъруфи мо Муъмин Қаноат («Достони оташ»), Муҳиддин Хоҷаев (романи «Об рӯшноӣ») ва ё  Юсуф Акобиров (романи «Норак») дар бораи НБО «Норак»  офаридаанд.

Ва ё чуноне дар бораи сохтмони  Неругоҳи барқи обии «Братск» шоири шаҳири рус Евгений Евтушенко достони «НБО Братск» ва нависандаи машҳури он ҷо  Валентин Распутин повести «Падруд, Матёра!» («Прощание с Матёрой»)-ро офаридааст.

Матёра деҳаи хурде дар соҳили дарёст, ки бо оғози сохтмони неругоҳи барқи обии Братск зери об мемонад. Аҳолӣ дар аввал норозигӣ баён мекунанд,  аз он ки бо  макони  бобоии худ падруд мегӯянд, ғам мехӯранд, вале баъд, вақте неругоҳ ба кор сар мекунад ва ба ин деҳаи дурдасти кӯҳистон гармию равшанӣ, нуру сафо ва нишонаҳои пешрафту тараққиёт ворид мешаванд, шодию нишот ва саодати  бузурге  насибашон мегардад…

***

…Ҳангоми мутолиаи китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба дасти мо шумораи 12-уми маҷаллаи бонуфузи «Садои Шарқ» аз соли 1972 афтид, ки дар он мақолаи публисистии устод Мирзо Турсунзода  бо номи «Шафақи субҳи Осиё» чоп шудааст. Шоири шаҳир дар он аз дидаву шунидаҳо ҳангоми сафарҳояш ба кишварҳои гуногуни олам қисса карда, дар охир аз адибони тоҷик даъват  ба амал овардааст, ки дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ фаъол ва ҷасур бошанд. «Адабиёти мо бояд рӯҳи мубориз дошта бошад. Адиби имрӯз бояд дар пешсафи муборизони фронти идеологӣ бошад. Дар назди мо вазифаҳои бузург истодаанд. Барои манфиати халқ, барои гулгулшукуфии ватани азиз бояд эҷод кард…», — навиштааст Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода.

Дар омади гап, расо 15 сол муқаддам Пешвои миллат зимни суханронии худ ба муносибати  Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба ин нукта махсус ишора намуда, гуфта буданд: «Рӯҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо дорои хусусиятҳои хос ва асил аст. Ин нерӯ бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди васеъ ва созанда мисли гӯшту нохун пайванд ёфтааст. Аз ин ҷиҳат фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иҷтимоишудаи Рустами Дастон, Сӯҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз — Куруши Кабир, Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо таърихан бунёди нерӯманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст».

Дар хотима метавон илова кард, ки акнун, дар оғози қарни  XXI  ин нерӯ дар симои худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллати тоҷик ва Қаҳрамони  Тоҷикистон  таҷассуми пурраи худро ёфтааст.

Январь 19, 2019 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт