Муллозуҳур Тоҳирӣ: «Сайёҳии табобатӣ самти муҳим буда, метавонад дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошад»

Январь 10, 2019 11:27

ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 январ  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар он раёсат ва аъзои иттифоқи мазкур иштирок намуда, фаолияти онро дар соли сипаригардида баррасӣ ва вазифаҳо барои соли 2019 – ро муайян намуданд.

Дар оғози ҷаласа 2 нафар ба узвияти иттифоқ қабул ва се номзад барои узвият пешниҳод карда шуданд. Зикр шуд, ки  зиёда аз 100 нафар узви ин иттифоқ мебошанд, ки намояндагони Қазоқистон ва Россия аз ҷумлаи онҳоянд.

Раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон Муллозуҳур Тоҳирӣ зикр кард, ки Иттифоқи мазкур моҳи марти соли гузашта таъсис ёфта, фаъолияти худро фаъолона идома дода истодааст. «Мо ният дорем, ки бо намояндагони дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намоем, то онҳо барои ҷалби нависандагон ва табибон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон кумак расонанд. Ин таҷриба хеле муфид буда, дар ин самт қадамҳои аввал гузошта шудаанд», — гуфт табиби халқӣ.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди тиб ва саломатии аҳолӣ баррасӣ шуданд. Бо дарназардошти он, ки Сарвари давлат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ эълон намуданд, Муллозуҳур Тоҳирӣ зикр намуд, ки бояд дар Тоҷикистон сайёҳии табобатӣ   инкишоф ёбад. Ба гуфтаи ӯ, «ин намуди  сайёҳӣ самти муҳим буда, метавонад дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошад».

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузаштаи худ таъкид намуданд:  «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ, обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».

Муллозуҳур Тоҳирӣ дар партави ин суханони Пешвои миллат иброз дошт, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ  метавонанд дар мавзеъҳои табиӣ – табобатии  мамлакат, ки  шумораашон хеле зиёд аст,  истироҳат ва саломатии худро барқарор намоянд.

«Дар Тоҷикистон 200  манбаи (чашмаи) обҳои минералии шифобахш мавҷуд буда, ғайр аз ин табиати  кишвари мо бо гуногунрангӣ ва мавҷудияти кӯҳҳои осмонбӯс барои рӯидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид  дорад»,- илова намуд Муллозуҳур Тоҳирӣ.

Гуфта шуд, ки машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», чашмаи «Бибӣ Фотимаи Заҳро», «Авҷ», «Ямчун» ва «Зонг» мебошанд. Ин чашмаҳо барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ дар бораи фаъолияти Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон ва нақшаҳои он барои оянда маълумот дода, иброз намуд, ки «беморро на танҳо табобат бояд кард, балки тарзу усули солим будан ва ҳифз намудани саломатиро низ бояд ба ӯ фаҳмонд».

Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон бояд донандаи якчанд забони хориҷӣ бошанд, то аз таҷрибаҳои соҳаи тандурустии мамлакатҳои дар ин самт таҷрибадор бархурдор гардида, онҳоро ба мардум расонанд.

Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ изҳор намуд, ки ҳадафи мо даъват ба осоиштагӣ  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад, зеро ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «саломатии миллат боигарии давлат аст».

Ёдовар мешавем, ки Раёсати Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон ният дорад дар оянда намояндагиҳои ин созмонро дар вилоятҳои мамлакат ифтитоҳ намояд.

Январь 10, 2019 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад