Намояндагони ҲХДТ барои фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба минтақаи Сибири Россия сафар намуданд

Январь 3, 2019 16:53

ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои фаҳмонидани нуктаҳои  Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба шаҳру вилоятҳои минтақаи Сибири  Федератсияи Россия ба  сафари корӣ баромаданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар Федератсияи Россия Садбарги Боқӣ иттилоъ дод, ба ҳайати гурӯҳи корӣ мудири шуъбаи дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Муҳаммад Султонзода ва дигар шахсони расмӣ шомил буда, бо дастгирию роҳбаладии Консули генералии ҶТ дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин ва намояндаи  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Сибир Шералӣ Нуриддин, раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирск  Сияршо Абдуҷабборов ва дигар фаъолони  тоҷик дар корхонаҳои «Новосибхолод», бозори «Левобережка», масҷидҳо ва донишгоҳҳои Сибир, ки онҷо  теъдоди зиёди ҷавонону ҳамватанонамон   фаъолияти пурсамар ва таҳсил мекунанд, вохӯриҳо  доир  менамоянд.

Зимни мулоқоту суҳбатҳо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  роҷеъ ба соҳаҳои  иқтисодиёту иҷтимоиёт, дурнамои рушди маҳал, ҳунарҳои мардумӣ ва оинҳои миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.

«Бояд зикр кард, ки яке аз самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат    дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат иброз намуданд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Инчунин супориш дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт  вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад. Ба андешаи Сарвари давлат, «ин кори бисёр муҳим буда, ба воситаи курсҳои махсус ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ин соҳа такон бахшида мешавад ва ин омилҳо ҳар яки моро водор мекунонанд, ки дар ин самт корҳои созандагиро бештару беҳтар ба роҳ монда, дар рушди маҳал ва Ватани азиз ҳамаҷониба саҳмгузор бошем».

Ин гуфтаҳоро зимни суҳбату мулоқотҳо  Маҳмадулло Наимов ва соҳибкорони  ватанӣ  аз Новосибирск  Сияршо Абдуҷабборов, Раҳимҷон Бобоҷонов, Исмоил Киборов ва дигарон   иброз доштанд.

Соҳибкорон изҳор намуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ кардани пешниҳодҳои ободкоронаи Пешвои миллат ва  рушду нумӯи  Ватани худ    нақши муносиби худро мегузоранд.

Вохӯриҳо ҷиҳати ба ҳамватанони бурунмарзиамон расондани  нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат дар шаҳру вилоятҳои ҳавзаи консулгарии генералии ҶТ дар минтақаи Сибир  идома доранд.

Январь 3, 2019 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид