Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи Россия мулоқот намуданд

Январь 9, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия мулоқоту суҳбатҳои намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон ҷараён дорад. Яке аз чунин вохӯриҳо 7 январи соли 2019 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар Маркази савдои “Южние ворота” –и шаҳри Москва бо иштироки фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як зумра марказҳои тиҷоратии шаҳр ва вилояти Москва баргузор шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зимни мулоқот асосан ба мавзӯъҳо вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа дахл карда шуд. Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён  муфассал оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти ҶТ сухан гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафҳои стратегии худ ноил мегардад. Мисоли равшани он охири соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали НБО-и «Роғун» мебошад, ки сарфи назар аз мушкилоту зиддиятҳо маҳз бо шарофати талошҳои шабонарӯзии мардуми сарбаланди кишвар ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлату ҳукумат муяссар гардид.

«Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба мо ҷиҳати саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ имкониятҳои нав фароҳам меоварад, ки ин на танҳо ба иқтидори истеҳсолии кишвари мо вусъат мебахшад, балки ба таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд»,- изҳор намуд вакили Маҷлиси намояндагон Ҳокимҷон Холиқзода зимни мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муфассал доир ба афзалиятҳо ва иқтидори ин дастовард сухан гуфт.

«Ман яке аз он шахсони хушбахтам, ки дар расми баҳрабардории чархаи аввали НБО-и «Роғун» ширкат намудам. Бешубҳа, ин дастовард тавассути иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзии миллати сарбаланди тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд. Он барои рушди иқтисодии кишвари мо дар оянда заминаи воқеӣ фароҳам овард», — изҳор дошт Ҳокимшо Муҳаббатов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ватан».

Дар мулоқот яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон- ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм буд. Ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм дахл намуда, вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Бахтовар Сафарзода изҳор дошт, ки «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм дорост ва ҳеҷ гурӯҳи иртиҷоӣ ва игвоангез наметавонад дар сурати якҷо будани мо ба оромиву осоиштагии ватани азизамон халал ворид намояд. Ба таври расмӣ экстремистию террористӣ эътироф шудан ва қатъ гардидани фаъолияти  ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ва дигар ташкилоту созмонҳои ифротӣ аз тадбирҳое дар самти иҷрои расидан ба ин ҳадафҳо ба шумор меравад. Зеро ҳизби наҳзати исломӣ давоми фаъолияти худ бори дигар собит намуд, ки бо такя ба арзишҳои дини мубини ислом ҳадафҳои ғаразноки худро дар ҷомеаи суннатии мо мехост раҳандозӣ кунад. Аммо мақсадҳои нопоки онҳо сари вақт пешгирӣ ва қатъ карда шуд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷ истода, ба кишвари мо санги маломат мезананд ва ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд. Вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид».

Ин гуфтаҳо аз ҷониби ҳозирин дастгирии амиқ ёфт ва ҳангоми баромади худ узви Шӯрои уламои муфтиёти шаҳри Москва Меликбой Зокиров изҳор дошт, ки “мо миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷирони ҷавон пайваста ташвиқу тарғиб мебарем, ки дар баробари омӯзиши илмҳои динӣ аз касбу ихтисосҳои муосир бархурдор бошанд. Барои таълими илми динӣ ба хориҷа рафтан зарурат надорад ва аз ин худдорӣ намоянд. Зеро имрӯз дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини Исломро як сӯ монда, мақсадҳои ғаразноки худро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ мекунанд”. Дар идомаи сухан намояндаи дин афзуд, ки  аз пайравӣ ба чунин ҳизбу равияҳои иртиҷоӣ худдорӣ ва эҳтиёт бояд кард ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотиро дар самти пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни муҳоҷирон вазифаи муҳими ҳар як фард арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми мулоқоти фаъолони ҲХДТ бо ҳамватанон дар маркази тиҷоратии «Южные ворота»-и шаҳри Москва аввалин намунаҳои маводи нашрии Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамватанон тақдим карда шуд.

Мулоқоту суҳбатҳои фаъолони ҳизб дар дигар манотиқи Россия низ баргузор гашта истодаанд.

Январь 9, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд