ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17-22 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 32-37 ва рӯзона 16-21 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






