Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Аз нав пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»- ро баррасӣ намуд

Январь 28, 2019 15:07

ДУШАНБЕ, 28.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Аз нав пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»- ро баррасӣ намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯро Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе»-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа инчунин Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон»,  Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар- Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон»  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдор қабул намуданд.

Январь 28, 2019 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон