Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд»
ДУШАНБЕ, 18.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Телевизиони давлатии «Нили фарҳангӣ»-и тобеи Кумитаи телевизион ва радиои Миср дар арафаи соли нави мелодӣ дар барномаи «Анҷумани фарҳангҳо» таъриху тамаддуни қадима ва ҳозираи мардуми тоҷикро барои тамошобин пешкаш намуд.
Ҳадафи асосии барнома шинос намудани тамошобин бо гузаштаву ҳозираи фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногуни олам мебошад. Дар меҳмонии ин барнома рӯзноманигори шоиста, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «ал-Масоия»-и мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома ҳузур доштанд. Дар ин бора аз Ҷамъияти тоҷикони Миср ба АМИТ «Ховар» хабар доданд (tojikonimisr@gmail.com).
Мавриди зикр аст, ки Муҳаммад Салома соли 2012 барои ширкат дар Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон RECCA-V ба шаҳри Душанбе сафар намуда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоҳиба анҷом дода буд. Ӯ таассуроти зебои худро пас аз бозгашт дар рӯзномаҳои мисрӣ ба нашр расонида, хонандаи арабро бо ҷамоли дилфиреби табиату меҳмоннавозии хоссаи мардуми шарифи тоҷик шинос намуд.
М. Салома ҳангоми суҳбати худ бо муҷрии барнома Аҳмад Юсуф таъкид намуд, ки тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир дода, зиёда аз 300 марди донишманди нотакрорро ба олам тақдим намудаанд. Мероси илмии онҳоро то имрӯз кишварҳои пешрафтаи ғарбу шарқ дар соҳаи рушди технологияи имрӯза истифода мебаранд. Ӯ барои тамошобини араб аз Ибни Сино, Берунӣ, Хоразмӣ ва Бухориву Насафиву Тирмизӣ ном бурд. Мавсуф аз мероси илмии Хоразмӣ дар пешрафти илми компютер, кашфиёти Берунӣ дар илми фалак ва таҷрибаҳои Ибни Сино дар илми тибби пешрафтаи имрӯза бо як ифтихор ёдовар шуд.
Меҳмони барнома пас аз намоиши порчаи филми мустанад дар бораи табиати дилфиребу рӯҳафзои Тоҷикистон ба тамошобинон аз сеҳру ҷамоли табиати Тоҷикистон нақл намуда, дар ин маврид сухани ҷаҳонгард ва таърихнигори асри ҳафтуми ҳиҷрӣ Ибни Батутаро мисол овард, ки ӯ дар васфи ин сарзамин фармудааст: «Ин минтақа — сарзамини аҷоибот аст». М. Салома изҳор намуд, ки табиати дилкашу зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои софу зулол, пуштаҳои гулпӯшу дилфиреб ва меҳмонавозии мардуми Тоҷикистон яке аз омилҳои ҷалбкунандаи соҳаи гардишгарии кишвар ба шумор мераванд. Фазои гардишгарӣ дар Тоҷикистон шеваи хоси худро дорад ва барои кӯҳнавардону қаиқронон дар зери осмони пурситора ва дар баландии кӯҳҳои осмонбӯс хотираҳои фаромӯшнашавандае боқӣ мегузорад.
Дар бораи ҷойгоҳи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна М. Салома таъкид намуд, ки тӯли сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон мушкилиҳои амниятӣ эҷод менамояд. Ӯ Тоҷикистонро дар таъмини амнияти кишварҳои арабӣ ҳамчун «девори амният» ном бурд. Тоҷикистон тайи чанд даҳсолаи охир аз фаъолияти ташкилотҳои террористӣ дар кишвар ранҷ мебарад.
Ҳодисаи солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Як гурӯҳи дунёталаб зери шиори «ҷиҳод» ва бо дастгириву кумакҳои молиявию лоҷистикии Ҷумҳурии Исломии Эрон мехостанд сари қудрат бирасанд. Дар он соатҳои тақдирсоз фаросату корозмудагиву дурандешии Президенти кунунии мамлакат- Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии навистиқлолро аз доми ҳалокату нобудӣ раҳонид. Ӯ баъди талошу ҷонфидоиҳои чандинсола неруҳои мухолифинро ба сари дастархони сулҳ даъват намуда, онҳоро бо мансабҳо дар ҳукумат таъмин намуд. Бо ин амал асолату табиати хабиси онҳоро барои мардум ошкор сохт. Пас аз нокомии неруҳои мухолифин, ки дар сархати онҳо ТТЭ ҲНИ қарор дошт, роҳбарони онҳо даст ба хиёнату ғадр зада, барои ба қудрат расидан талошҳо намуданд, аммо таҷрибаву дурнамои сиёсии Президенти ҷумҳурӣ бори дигар ғолиб омада, оташи фитнаро дар кишвар хомӯш сохт. Зикр намудан лозим аст, ки баъдтар ТТЭ ҲНИ дар феҳристи ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ ворид гардид.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои гарми барнома қарор гирифта, нақш ва ташаббусҳои фарогири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ ва самаранокии истифодаи захираҳои обӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар гардиданд. М. Салома хотиррасон намуд, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея соли 2015 ироа шуда буд. Имсол бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» якдилона қабул гардид.
Яке аз рӯйдодҳои дигари муҳими сол дар Тоҷикистон- ин ба кор даровардани аввалин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Захираи обҳои Тоҷикистон шаст дарсади обҳои минтақаро ташкил медиҳанд.