Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад

Июль 25, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи баргузории ҷаласаи 25-уми Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянсзин аз 23 то 27 июл дар шаҳри Чжэнчжоу — маркази маъмурии музофоти Ҳенан ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши аз ҷониби Агентии иттилоотии «Синхуа», Академияи Чин ва ҳукумати музофоти Ҳэнан таҳти роҳбарии Дафтари иттилоотии Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамбастагӣ ташкил карда шудааст.

Дар кори он беш аз 400 намоянда қариб аз 200 воситаи ахбори омма, марказҳои таҳлилӣ, ниҳодҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ дар Чин, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва шарикони муколама иштирок доранд. Тоҷикистонро дар ин нишаст роҳбарият ва рӯзноманигорони якчанд расонаҳои пешрафта, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» намояндагӣ менамоянд.

Дар ҳамоиш, ки ба мавзуи густариши «руҳи Шанхай» бахшида шудааст, иштирокчиён дар бораи таҳкими ҳамбастагии стратегӣ ва таъмиқи эътимоди мутақобили сиёсӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва вокуниш ба хатарҳои ҷаҳонӣ табодули афкор менамоянд.

Ҳадафи ҳамоиш тавсеаи ҳамкории амалӣ ва ноил шудан ба шукуфоии муштарак, таҳкими табодули башардӯстона ва мусоидат ба омӯзиши мутақобил байни тамаддунҳо мебошад.

Дар чаҳорчӯби чорабинӣ ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва вохӯриҳои муҳим баргузор мешаванд.

Зимни ҳамоиш «Тавофуқоти Чжэнчжоу оид ба нишасти Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай», Гузориши Маркази таҳлилии «Ҳамкории муштараки ганҷҳои тамаддуни башарӣ: фалсафаи чинӣ ва амалия оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар давраи нав» ва Гузориши маркази таҳлилии «Таҳқиқот дар бораи бунёди ҷомеаи ояндаи муштараки Созмони ҳамкории Шанхай» нашр карда мешаванд.

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз медоранд, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз замони таъсис ҳамеша идеяҳои дуҷонибаи судманд, баробарӣ, машварат, эҳтиром ба гуногунии тамаддунҳо ва майли рушди муштаракро роҳнамоӣ менамуд. Ташкилот намунаи дурахшони бунёди шаклҳои нави муносибатҳои байналмилалӣ ва пеш бурдани ҳамкории минтақавӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилӣ ҳамчун пул ва пайванде, ки ба наздикшавии миллатҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамоянд, дар табодули таҷриба ва ноил шудан ба тавофуқ байни кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим доранд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд