Раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон барои расондани кумаки ғизоӣ ба ҳайвоноти ваҳшӣ омодагӣ мебинад

Январь 7, 2019 15:40

ХОРУҒ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Боришоти чанд рӯзи охир кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мутахассисони ширкатҳои шикори хориҷиро водор сохт, ки барои аз гуруснагӣ наҷот додани ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳои биотехникӣ андешанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев, «аксарияти ҳайвоноти нодир дар кӯҳу дамани ноҳияи Мурғоб сукунат доранд. Зеро масоҳати ин ноҳия хеле васеъ буда, 60 фоизи ҳудуди вилоятро дар бар мегирад. Мутобиқи маълумоти охир, шумораи бузҳои кӯҳии сибирӣ ва гӯсфандони кӯҳии Марко Поло то ба 35 сар мерасад. Ҳамчунин дар ин ноҳия 20 сар бабри барфӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамаи ин ҳайвонот дар ҳолатҳои фавқулода ба кумак одамон ниёз доранд.

Ҳоло дар ин ноҳия ҳаво муътадил буда, барф ҳанӯз пурра заминро напӯшонидааст. Ин аст, ки ҳайвонот барои худ ғизо пайдо карда метавонанд. Одатан барфрезӣ дар ин ноҳияи баландкӯҳ аз аввали моҳи феврал оғоз мегардад. Аз ин рӯ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои шикори хориҷӣ ва волонтёрон кӯшиш мекунанд, ки дар мавзеъҳои ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ пешакӣ хӯроки чорво захира намоянд».

Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд соли охир ба ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодири ваҳшӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва аз ин рӯ шумораашон низ сол аз сол афзуда, ба миқдори бештари хӯрок ниёз пайдо мекунанд. Соли гузашта танҳо ширкати шикории “Мурғоб”  4 тонна  ғизои иловагӣ иборат аз алафу ғалладонаро ба кӯҳдоманҳо интиқол дод.

 

Январь 7, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд