Саҳми мактабу марказҳои таълимӣ дар рушди касбияти соҳибкорон калон аст. Андешаҳо дар партави Паёми Пешвои миллат

Январь 19, 2019 10:16

ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат чун паёмҳои қаблӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвари давлат дар Паёми худ ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, дастгирӣ ва баланд бардоштани касбияти соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  иқдомҳои навро роҳандозӣ намуданд. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо муовини ректор оид ба инноватсия  ва таҳсилоти фосилавии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фатҳулло ҶАББОРОВ   ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат дар кишвар 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ эълон намуданд. Ин иқдом дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиёти мамлакат чӣ гуна замина мегузорад?

Фатҳулло Ҷабборов: Рушди соҳибкорӣ заминаи устувори таъмини аҳолии мамлакат бо молу хизматрасониҳои зарурӣ, густариши истеҳсоли молҳои ба содирот нигаронидашуда, ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда, таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии мамлакат бо хоҷагии ҷаҳонӣ мебошад.

Дарвоқеъ, дилхоҳ ислоҳот ба рушди ин ва ё он намуди фаъолият вусъат мебахшад. Бинобар ин, ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар самти эълон намудани «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», бешубҳа ба рушди босуботи фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам сохтани фазои мусоид баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, инчунин густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ислоҳот дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, қабл аз ҳама, қадами устувор дар самти иҷрои ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маҳсуб меёбад. Ислоҳоти мазкур ба таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар бахши хусусӣ ва давлатӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши пардохтҳои андозӣ, ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷети давлатӣ, либерализатсияи иқтисодиёти миллӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, фароҳам сохтани шароити мусоиди пешбурди соҳибкории инноватсионӣ, инчунин содагардонии раванди бақайдгирии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳот, кам гардонидани санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ эълон намудани мораторий ба тамоми  намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 аз ибтикорҳои бемисл дар самти ислоҳот, дастгирӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими ислоҳот дар ин самт кам намудани таъсири ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва тафтишотӣ ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Албатта, амали мазкур, пеш аз ҳама, ба шаффофияти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳамсозии муносибатҳои озоди шаҳрвандӣ дар соҳаи соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Ғайр аз ин, ислоҳоти мазкур самараи зиёди макроиқтисодиро ба бор оварда, таъсири мусбати иҷтимоӣ хоҳад дошт. Зеро дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғл ва беҳсозии муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ саҳм хоҳад гузошт. Ба ҷуз ин, ислоҳоти мазкур ба тақвияти иқтидори содиротӣ ва диверсификатсияи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъсири мусбат мерасонад.

АМИТ «Ховар»: Дар робита ба ин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмини намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» – ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ба андешаи Шумо дар таҳияи ин қонун бояд кадом самтҳои афзалиятнок ба инобат гирифта шаванд?

Фатҳулло Ҷабборов: Воқеан, монеаҳои маъмурӣ яке аз омилҳои манфии боздорандаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» дар самти баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолии мамлакат хеле саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, бояд муайянсозии принсипҳои умумӣ, самтҳои афзалиятнок ва васоити ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ; муайянсозии реестр, стандарт ва тартиби хизматрасониҳои давлатӣ; таъсиси портали ягонаи хизматрасониҳои давлатии интерактивӣ; автоматикунонии раванди хизматрасониҳои давлатӣ; тартиб ва низоми танзими давлатӣ дар самти хизматрасониҳои давлатӣ; салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ доир ба баҳодиҳӣ ва назорати сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ; соддагардонӣ ва тартиби тафтиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ; иҷозатномадиҳии электронии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ; механизми дастгирии молиявии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ; пешниҳоди кафолат доир ба қарзҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ; таълими соҳибкорон дар чорчӯбаи барномаи ягонаи дастгирӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ; пешниҳоди низоми самараноки дастгирӣ ва инкишофи зерсохтори фаъолияти соҳибкории инноватсионии истеҳсолӣ; мукаммалсозии низоми фаъолияти ниҳодҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ; принсипҳои таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатии инкишофи соҳибкорӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои махсуси дастгирии соҳибкорӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба инобат гирифта шаванд.

Ҳукумати мамлакат то имрӯз бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ислоҳоти иқтисодиро бомаром идома дода истодааст. Солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлат барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ барои рушди самтҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ вазифагузориҳо карда шуданд. Такмил ва баландбардории хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт яке аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» яке аз тадбирҳои саривақтӣ маҳсуб меёбад.

АМИТ «Ховар»: Дар Паём инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳангоми ташкили марказҳои хизматрасонӣ чиҳо бояд ба назар гирифта шаванд ва ташкили курсҳои махсус ба фаъолияти соҳибкорӣ чӣ гуна имкониятҳоро фароҳам меоранд? Яъне, таъсиси чунин марказҳои хизматрасонӣ то чӣ андоза метавонанд ба баланд бардоштани касбияти соҳибкорон мусоидат намояд?

Фатҳулло Ҷабборов: Ҳамасола пайваста аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бештар масоили ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ниҳодҳои давлатӣ, бизнес-сохторҳо ва таҳлилгарон қарор мегиранд. Ҷанбаҳои касбӣ-таълимии соҳибкорон камтар мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор мегиранд, гарчанде саҳми омили мазкур дар инкишофи бомуваффақияти ин соҳаи ҳаётан муҳими иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои болозикр бештар мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки саҳми мактабу марказҳои таълимии соҳибкорон дар рушди касбияти онҳо ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бағоят бузург аст.

Бинобар ин, супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсис додани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, амри хеле саривақтӣ ва ногузир мебошад. Зеро, саҳми чунин марказҳо дар самти такмили касб, интихоби ғояҳои муосири соҳибкорӣ, таҳия лоиҳаҳои соҳибкорӣ, бизнес-нақшаҳо ва ҳалли муаммоҳои рӯзафзуни пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ хеле назаррас аст. Таъсиси чунин марказҳо хусусан дар самти рушди соҳибкории занон ва ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар деҳот хеле назаррас хоҳад буд.

Мавриди зикр аст, ки Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ баҳри амалисозии ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси фаъолияти соҳибкорӣ, рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маҳорати соҳибкорон тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Донишкада дар тӯли мавҷудияти худ беш аз 10 ҳазор мутахассисони баландихтисосро омода намудааст, ки дар бахшҳои мухталифи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти миллӣ фаъолият доранд.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани малакаву маърифати соҳибкорон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Фонди Хуаксин «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» дар Донишкада Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст. Маркази муосир ба такмили малакаву маҳорати соҳибкорони навовар, менеҷерҳо ва маркетологҳо машғул мебошад.

Дар маҷмӯъ он нуктаҳое, ки оид ба дастгирии соҳибкориву соҳибкорон дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид шудаанд, бешубҳа ба инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда, дар самти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат заминаҳои воқеӣ  мегузоранд.

Январь 19, 2019 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент