«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ!..». Имрӯз сокинон ва меҳмони пойтахти Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии Фирдавсӣ ҷашни Садаро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН аз ин ҷашнгоҳ иттилоъ медиҳад, фазои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он олоти кории кишоварзӣ, намоиши тухмии зироат ва техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шудаанд.
Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар яке аз он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинони шаҳри Душанбе дар барномаи пуршукӯҳи имрӯза ба боғ гурӯҳ-гурӯҳ ворид шуда, аз тамошои барномаи фарҳангӣ лаззат мебаранд.
Дар чорабинии мазкур Бобишоҳ Холзода, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Тавре дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».
Зикр шуд, ки ҷашни Садаро мардуми ориёинажод бо роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст, ки дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо оташ афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ меоварданд, ин ид оғоз меёфт. Аз ин хотир Сарвари давлат зикр намуданд, ки «гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд».
Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар ёрдам мекарданд ва ба ҳамин тартиб, ҷашни Сада ба таври қадимии худ барпо мегардид.
Мавриди зикр аст, ки Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда, бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд. Баъди ҷашни Меҳргон ва ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ, бо гузаштани 90-100 рӯз боз барои корҳои нави кишоварзӣ камар мебанданд. Аз ин рӯ бо афрӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва дигар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи гузаштани фасли зимистон мардуми зиндадили ориёнажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ, матонати дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ҳидоят менамоянд.
Ба андешаи корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов, Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ аст. «Дар ин ҳангом техникаҳои кишоварзӣ таъмир ва ба мавсими кишту кор тайёр карда мешаванд. Дар анбор маводи сӯзишворӣ, нуриҳои менералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Деҳқонон ба такопӯ даромада, ба фасли баҳор пурра омодагӣ мегиранд»,-илова намуд номбурда.
Воқеан ҳам, ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд.
Тавре устод Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад…