Сайёҳони хориҷӣ маҳз ба гӯсфанди Марко Полои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса доранд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Январь 29, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи  мониторинги охирин, шумораи умумии гӯсфанди Марко Поло 25 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ин матлабро имрӯз  зимни нишасти мутбуотӣ сардори шуъбаи истифодаи ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

«Бинобар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шудан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист саршумори ин навъи гӯсфанд сол ба сол зиёд шуда истодааст. Бояд гуфт, ки то истиқлолияти ҷумҳурӣ шумораи Марко Поло тақрибан 12 ҳазор сарро ташкил менамуд. Соли 2015 шумораи Марко Поло ба 20-22 ҳазор расонида шуд. Ҳар  сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори гӯсфанди Марко Поло  меъёр ҷудо мекунад. Тибқи Фармоиши Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мувофика бо 8 вазорату идораҳо  дар мавсими соли 2018 ба 95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло квота ҷудо карда шудааст, ки ҷинсашон нарина буда, синнашон аз 8 боло мебошад.  Инҷо танҳо 0,3 фоизи гӯсфандон истифода мешаванд. Зеро вақте  ки соли Марко Поло калон мешавад, он ҳатман тӯъмаи гург ё бабри барфӣ мегардад. Аз ин рӯ бо мақсади талаф наёфтани Марко Поло   ҳамасола миқдори муайяни он барои шикор иҷозат дода мешавад»,- гуфт Абдуқодир Маскаев .

Номбурда дар мавриди нархномаи шикори Марко Поло иброз дошт, ки «маблағҳои аз ҳисоби шикор ба даст омада  барои ҳифз ва афзун намудани саршумори  ин навъи гӯсфандон масраф карда мешаванд. Нархи шикори як  сар гӯсфанди Марко Поло бо назардошти боҷи давлатӣ то 30 ноябри соли 2018  45 ҳазор сомонӣ муайян гардида буд.  Тибқи қарори Ҳукумат, аз 30 ноябр нархи шикори он ба 55 ҳазор сомонӣ расонида шуд».

Имрӯз ба шикори гӯсфанди Марко Поло бештар  сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ  дошта, 50-56 фоиз шикорчиён амрикоиҳо мебошанд. Асосан квотаҳо барои ҷалби сайёҳон ҷудо карда мешаванд. Гӯсфанди Марко Поло дар Ҷумҳурии Афғонистон, Чин ва Қиргизистон низ мавҷуд аст, вале зернамуди гӯсфанди Марко Полои Тоҷикистон бештар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Бо сабаби зебо будани шохҳояш гӯсфанди Марко Полоро бештари сайёҳон «зебосанами тоҷик» меноманд.

Бояд гуфт, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бренди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар қатори дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре  дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Зимни нишаст таъкид шуд, ки соли 2018 2 шикори ғайриқонунии  гӯсфанди Марко Поло аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шуда, айни ҳол дар баррасии судҳо қарор доранд.

Январь 29, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд