Соли 2018 аз шаҳри Хуҷанд қариб 60 ҳазор нафар сайёҳ боздид намуданд

Январь 4, 2019 15:49

ХУҶАНД, 04.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд дар баробари  яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии кишвар будан ҳамзамон маркази асосии фарҳангиву сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола бинобар фароҳам гардидани  шароити мусоид барои истироҳату саёҳат шумораи сайёҳоне, ки ба ин мавзеъ ташриф меоранд, меафзояд.

Аз ҷумла, давоми соли гузашта дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон, ташкили сайру саёҳат ва шиносоӣ бо ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳр ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ 5 ширкати сайёҳӣ хизмат расониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, танҳо давоми 11 моҳи соли сипаригашта аз ин шаҳр дар маҷмӯъ беш аз 57 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,5 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ва беш аз 55 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ боздид намудаанд. Ҳаҷми хизматрасониҳо ба сайёҳон дар ин давра ба 1,8 миллион сомонӣ расидааст.

Ҳамзамон имрӯзҳо дар шаҳр аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон дар раванди бунёди иншооти дигари иҷтимоӣ, инчунин ба бунёди инфрасохтор ва рушду такмили соҳаи сайёҳӣ аҳамияти хосса дода мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта шиногоҳи марказии шаҳр таъмиру таҷдид гардида, дар соҳили дарёи Сир меҳмонхонаи «Парламент» ва қаҳвахона-тарабхонаи замонавӣ бо номи «Ситораи Хуҷанд» ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар доираи эълони солҳои 2019-2021 чун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соли 2019 дар маркази вилоят роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаҳои брендии «Форел» ва «Темурмалик», воқеъ дар ду соҳили дарёи Сир ба истифода дода мешаванд. Бунёди ин иншоот, бешубҳа, ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр заминаи мусоид мегузорад.

Дар айни замон дар вилояти Суғд баҳри қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дошта, ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят сол аз сол тавсеа меёбад.

Давоми соли гузашта танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят беш аз 800 ҳазор нафар сайёҳ ворид шудаанд, ки шумораи бештари онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Украина, Молдова ва Гурҷистон ташкил медиҳанд.

Январь 4, 2019 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд