«СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол»

Январь 15, 2019 13:28

ДУШАНБЕ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  «Ҳаракатҳои  бузурги таърихӣ марбут ба номи шахсиятҳои барҷастаест, ки бо нуфӯзи худ бар афкор ва андешаи миллатҳо таҳаввулоти амиқеро дар ҷомеаи башарӣ эҷод кардаанд. Ин гуна шахсиятҳо ҳамчун раҳнамои саодати инсонҳо илова бар поягузории таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шахсан барои тағйири вазъи мавҷуд ва ҷойгузинии низоми матлуб вориди майдон шуда, мондагортарин таҳаввулоти иҷтимоиро офаридаанд»- навиштааст Сайрам БАҚОЗОДА дар мақолаи таҳлилии худ дар ҳошияи китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН “Уфуқҳои истиқлол”.  Дар давоми ин мақола мехонем:

Корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин манзар метавонад қобили шиносоӣ ва арҷгузорӣ бошад. Зеро тағйироти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоие, ки дар Тоҷикистон рух дод, мунҳасир ба фард, яъне Пешвои миллат  буда, тавонист дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии  тоҷикони охири садаи бист ва ибтидои садаи бистуяк дигаргуниҳои бузургеро ворид созад, ки ба раванди созандагиҳои босамари  минтақаӣ ва ҷаҳонӣ низ таъсиргузор аст. Инак, китоби пурарзиши Пешвои муаззами миллат  «Уфуқҳои истиқлол», ки ба тозагӣ ба чоп расид, фароянди ҷараёни таърихии шаклгирии истиқлолияти кишвар, фарозу фуруди он ва дигаргуниҳои азимеро, ки дар фосилаи бисту панҷ соли таърихи навини тоҷикон ба вуқуъ пайвастааст, бо камоли диққат ва равшанӣ инъикос намудааст.

Пешвои миллат дар ин китоб бо нигоҳе тоза, ба ифодаи худашон «дар бораи бисту панҷ соли душвор, вале пурифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён» намудаанд, ки аз нигоҳи  сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳагӣ вежагиҳои нигариши таҳлилиии он касро ба воқеияти муҳими таърихии аз сари миллат гузашта ва равишҳои тағйирҳову таҳуввулоти он ифода мекунад.  Аз ин ҷиҳат ин китоб фақат баёнгари воқеиятҳои як давраи ҳассос ва тақдирсози таърихи миллат набуда, балки чароғи раҳнамоест фарорӯйи донишпажуҳони андешаҳои ҷомеашиносӣ барои таъбир ва шарҳу басти бештари дигаргуниҳое, ки дар як фосилаи кӯтоҳи замонӣ дар сарзаминаи тоҷикон ва сарнавишти миллат ба вуқуъ пайвастааст.

Пешвои миллат дар  ин китоби пурарзиш таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии дар тӯли бисту панҷ сол аз сари миллат гузаштаро ҳамчун  маҷмӯае аз тағйирҳову дигаргуниҳо дар амалкардҳои як ҷомеа дониста, заминаҳои  фикрӣ, руҳӣ ва сиёсиву иҷтимоии онро мушаххас месозад. Бар ҳамин асос дар китоб дигаргуниҳои ҳосилшуда аз фароянди Истиқлол дар тағйири таркиби сохтори давлатдорӣ, ниҳодҳои сиёсиву раҳбарӣ, низоми иҷтимоӣ ва вазифаҳову масъулияти онҳо  нишон дода шудааст, ки натиҷаи фаъолияти босамар ва андешидашудаи  Пешвои миллат мебошад.

Аз маҷмӯаи андешаву оро ва фаъолияти бевоситаи муалифи китоб бармеояд, ки он кас зимни таваҷҷуҳ ба фароянди истиқлолияти кишвар ва дигаргуниҳои дар ин замина ба амал омада, ба унсури таъсиргузори дигаргунии арзишҳо бисёр аҳамият додаанд ва нақши онро дар таҳаввулоти минбаъдаи сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим шинохтаанд. Аммо ба  далели ин, ки нуктаи бунёдии ҳама гуна дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ тағйири низоми сиёсӣ ва доираҳои таъсиргузори он аст, ибтидо дар заминаи маводи китоб  нуктае чанд доир ба мавзӯи нақши бевоситаи Пешвои миллат  дар марҳиллаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон баён мекунем.

Аз андешаи Пешвои миллат бармеояд, ки ӯ аз оғози фаъолияташон ба ҳама гуна зургӯйии нирӯҳои ғосиб ва дастёбии онҳо дар сиёсату давлатдорӣ мухолиф буданду ҳастанд. Бинобар ин дар аввалин рӯзҳои фаъолияти раҳбариашон  «наҷоти давлатдории миллӣ»-ро «масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон» ба шумор оварда, ҷиддан хостори амну осоиши кишвар ва мардуми он ва бозгашти қудрат ба дасти нухбагони содиқу милатдӯст гардида буданд. Мехостанд ҷомеаи ба фоҷеа рӯбарӯ шудаи миллиро аз тариқи тағйири низоми раҳбарӣ аз нобудшавӣ эмин дораданд.  Ҳамчунон ки дар боби аввали китоб омадааст, вай бо эъломи ин ки сабабгори аслии фоҷиаҳои иҷборан ба сари миллат ва кишвар омада, «бадхоҳони Истиқлолияти давлатии мо» буданд, фасле тоза ва ояндадор дар таърихи сиёсии Тоҷикистон кушоданд ва бар асоси асли эътиқод ба ҳувияти миллат ва имрӯзу фардои он муқобили ҳамагуна хилофкории сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву ахлоқӣ муборизаи беамон бурданд.

Замоне, ки «оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт», ӯ қудрат ва тавоноии ҳукумати миллиро дар барқарори сулҳи пойдор, ба саодат расонидани ҷомеаи миллӣ, идораи умури давлатӣ,   барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, аз байн бурдани зулму фасод ва бегонапарастӣ дида, миллатро ба касби қудрати сиёсӣ ва ташкилу таҳаввул бахшидани ҳукумати миллӣ даъват ва раҳнамоӣ мекарданд. Дар андешаи Пешвои миллат,  барандохтани ҳама гуна иқдомоти вайронгар ва таъсису таҳкими низоми матлуб аз ҳадафи аввалияи ҳукумати миллӣ ба ҳисоб меомад. Аммо,чунон ки аз матни китоб бармеояд, Пешвои муаззами миллат дар марҳиллаҳои баъдӣ барои эҷоди тағйироти асосӣ дар ҷомеа дар ҷиҳати ислоҳи вазъи иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли рӯҳӣ ва озодӣ дар ҷомеа, ки  аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бар эътиқодоти миллӣ асос ёфта бошад, собитқадамона мубориза карданд.

Дар андешаи Президенти маҳбуби кишвар, муаллифи китоби мазкур решакан намудани меъёрҳои ғайри миллӣ ва эҷоди таҳаввули бунёдӣ дар роҳи таҳкими ҳокимияти арзишҳои миллӣ фақат бо як ҳаракати фарҳангии асили фарогири миллӣ имконпазир дониста мешавад. Истиқлолияти миллӣ бо бунмояи маҳками миллӣ ва ормонӣ бар асоси мафҳумҳо ва равишҳои хосси миллӣ ба майдони амал ворид шуд  ва бо эҷоди дигаргунӣ ва тағйири асосӣ дар афкор, андеша ва арзишҳои инсонӣ василаи таҳаввулоти доманадор дар ҷомеаи тоҷикон ва миллатҳои дигари сокини кишвар гардид. Бар ин асос Пешвои миллат яке аз муҳимтарин хусусияти шинохти таҳаввулоти давраи Истиқлолро  ҳаракати маънавии ҷомеа ба сӯйи ормонҳои арзишманди миллӣ ва инсонӣ таъбир кардаанд.

Аз матни андешаҳои Пешвои миллат равшан ба назар мерасад, ки он кас тадбир, ирода ва хости созандаро шарти аслӣ ва тақдирсози дигаргуниҳо ва азнавсозиҳои ҷомеа дониста, вуҷуди шароит, заминаҳои муносиби иҷтимоӣ ва фаъолони миллатдӯстро василаи асосии таҳкими сохти давлатдорӣ ва умедбахши фардои дурахшон таъбир кардаанд. Вобастагӣ ба аҷнабиёну бегонагон, мухолифат бо арзишҳои миллӣ, зулм, фасод, шикофи байни дастгоҳи ҳокимият ва мардум ва эҷоди зеҳният ва бовари умумӣ нисбат ба вазъи мавҷуд  ва матлуб аз ҷумлаи  шароит ва заминаҳоест, ки Пешвои миллат  дар  китоб аз ин боб муфассал сухан кардаанд.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳе, ки аз маҷмӯаи орову андеша ва моҳияти амали Пешвои миллат дарёфт мешавад ин аст, ки он кас илова ба тағйири низоми сиёсӣ ба тағйироти бунёдии сохторҳо, ниҳодҳо ва арзишҳо дар фароянди азнавсозиҳо дар кишвар аз оғоз муътақид буданд ва бо андешаву амал ҷонфидоёна талош карданд. Аммо зимни пешниҳоди мавзӯи мусбат дар баробари тағйироти иҷтимоӣ, тарзи иҷрои онро вобаста ба замон ва шароит ҳамеша такмил бахшидаанд, ки гувоҳи ояндабинӣ ва вазъшиносии эшон аст. Вақте ки ҷараёни азнавсозиҳои кишварро дар соҳаҳои мухталиф пеши назар меоварем,  барои дарки моҳият ва умқи талошҳои назариву амалии Президенти мамлакат  фақат зикри сиёсати дурбинонаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ кофист, ки заминагузори таҳаввулот ва пешрафтҳои чашмгир дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи кишвар гардид.

Пешвои миллат бо дарки саҳеҳ аз руҳ ва ҷавҳари ормонҳои дарозумри миллат бо нигоҳе фарох ба фардои дурахшони Тоҷикистон навиштаанд, ки «Дар марҳилаи нави рушди кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як арзиши умумимиллӣ, ҳамчун як фарҳанг ва як андешаи  фарогири мардумӣ фаҳмида шуда, ваҳдати мусолиматомези намоядагони ҳамаи нируҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, афкору ҷаҳонбиниҳо, дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро ифода кунад». Ин назар дар такя ба огоҳӣ ва бедории мардуми кишвар гуфта шудааст, ки моҳияти ояндасозӣ дорад. Аммо бар ин нукта низ таъкид дорад, ки огоҳӣ, бедорӣ, эҷоди зеҳният ва бовари умумӣ бояд тавассути қишри огоҳи ҷомеа, аз ҷумла донишмандон, адибон ва аҳли фарҳанг анҷом гирад.

Ба ин тартиб, Пешвои миллат  бар ин назар аст, ки шукуфоии маънавию моддӣ, муҳаббат ба кор, андеша ва дониши як миллат танҳо замоне  ба вусъат ва умқи фарогир даст меёбад, ки соҳиби маънавиёт ва ройи солим дар доираи озодии инсонӣ, андешаи ахлоқӣ ва такомули иҷтимоӣ гардад. Ин равиши усулии пайгирии ақида дар амали солеҳро Пешвои миллат умдатарин имконот дар дастёбӣ ба ҳадафҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ  дониста, дар матни китоб ба муҳимтарин паҳлуҳои он ишораи сареҳ дорад. Дар китоб заминаҳо ва омилҳои тағйиру  таҳаввул, роҳҳову равишҳо, шартҳои лозим дар фароянди истиқлол, ҳадафҳо ва омилҳои таъсиргузору таъсирпазир дар раванди ташаккули низоми сиёсиву иҷтимоии мамлакат дақиқан муайя карда шудааст.

Пешвои миллат заминаҳо ва омилҳои тағйиру таҳаввулро муайян карда, осебҳои мавҷудро низ ба сароҳат ёдрас мекунад, ки иборат аст аз ба хатар афтидани манфиатҳои миллӣ, хатари руҳонинамоҳо ва бегонапарастон, майл ба тамоюлҳои ифротгароёна, эҷоди тафриқа ва маҳалбозӣ, вобастагии фарҳангӣ, дури аз исломи асили ҳанафӣ, хиёнат ва ҷиноят, норизоятии бедалели баъзе гуруҳҳои сиёсиву ҳизбӣ ва ғайра.  Дар китоб хонандаи огоҳ омилҳои мусбати таҳаввул ва тағйир дар муқобили осебҳои эҳтиммолии мавҷудро ба равшанӣ дарк мекунад ва ташхис медиҳад, ки  баъзеи онҳоро зикр мекунем: а) нақши огоҳии миллӣ дар ҳифзи Истиқлоли кишвар; б) қудрати маънавии миллат омили пирӯзии бардавом; в) мавқеи созандаи рушанфикрон дар ин раванд; г) ифшогарӣ ва бедорӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ; д) иродаи миллӣ; е) таҳаввули руҳӣ ва фикрии мардум; ё) ҳамбастагӣ дар фароянди созандагӣ ва шаклгирии ҷомеаи мадании кишвар ва ғайра.

Дар матни воқеиятҳои дар давраи Истиқлол аз сари миллат гузашта Пешвои миллат ба хулоса меоянд, ки «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, Озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад». Як бори дигар агар ба ин ҳарфҳо ҳассосият ва диққат нишон диҳем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Пешвои миллат бар асоси он биниши васеи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ масъалаеро матраҳ кардааст, ки имрӯзу ояндаи миллат ба он вобаста мебошад. Суханони Сарвари давлат марбут ба давраест, ки  вазъи ҷаҳон дар тағйир буда, душманони Истиқлолияти тоҷикон сармасти бохтаҳо ва  хаёли хомашон ҳанӯз дар каминанд, вале дасткӯтоҳ.

Китоби  «Уфуқҳои Истиқлол»  маҷмӯаи андешаву орои ватансозӣ ва миллатсозии  Пешвои миллат буда,  метавонад хонандаи огоҳро сари арзишҳои ҷовидонаи миллӣ ба андеша во дорад, андешае, ки раҳи камол ва худшиносиву худсозиро менамояд. Бино бар ин дар хотимаи ин гуфтор пешниҳод мекунам, ки аввалан китоб бояд дастраси оммаи васеи хонандагон гардад, дувум дар атрофи он муҳокимаву мунозираи хонандагон дар макотибу муассисоти идорӣ ташкил карда шавад, ниҳоят он ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру деҳот фиристода шавад, то мардум аз фароянди бисту панҷ солаи Истиқлол огоҳии комил пайдо карда, умедашон ба ояндаи босаодат бештар аз пештар гардад.

                                                        Сайрам БАҚОЗОДА,
                                                            АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»