СУБОТУ ОРОМИИ АФҒОНИСТОН – КАФИЛИ АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ: дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 16.01.2019./АМИТ «Ховар»/. «Аз муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеояд, ки дар он ин дафъа низ ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ диққати хосе дода шудааст», — навиштаанд муаллифони як нигориш, ки аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» расид. Дар идомаи ин нигориш омадааст:
Масъалаҳои мазкур аз тарафи Пешвои миллат дар се самти зерин, мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд: раванди вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон, вазъи имрўзаи ҷаҳони муосир ва таҳдиди хатарҳои ғайрианъанавӣ ба амнияти миллии кишварамон ва минтақаи Осиёи Марказӣ. Чунончи, оид ба самти якум Пешвои миллатамон чунин таъкид намудаанд: «Суботу оромии ҳамсоякишварамон- Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дўст сулҳи пойдор барқарор гардад.
Аз ин рў, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Мо кўшишҳои Ҳукумати Афғонистони дўст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад».
Воқеан ҳам аз соли 1998 инҷониб Пешвои миллатамон аз минбарҳои гуногуни байналмилалию ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба масъалаи ором гардонидани вазъи Афғонистон ҷалб мекунанд. Чунончи, зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 11 – умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 10 – умин солгарди таъсиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон чунин қайд карда буданд: «Ташкили «минтақаи амният» дар атрофи Афғонистон аз ҷумлаи тадбирҳои пешниҳодкардаи мо мебошад, ки ҳанўз соли 1998 аз минбари СММ садо дода буд. Зимни ин даъватҳо дар баробари назардошти рафъи буҳрони Афғонистон ва қатъи ҷанги хонумонсуз дар ин кишвар моро масъалаи барқарор намудани амният дар минтақа ба ташвиш меовард».
Бояд ёдовар шуд, ки вазъияти ноороми ҳамсоякишварамон, пеш аз ҳама, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҳамаҷонибаи манфӣ мерасонад. Кишвари мо тўли солиёни зиёд дар ҷабҳаи пеши мудофиавӣ барои муқовимат ба таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бароянда, қарор гирифтааст ва на танҳо амнияти давлати худамон, балки дигаронро низ таъмин менамояд. Дар ин хусус дар Паём чунин омадааст: «Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошўравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст».
Дар тақвияти суханҳои Пешвои миллат доир ба вазъияти Афғонистон ҳаминро қайд карданием, ки дар ин кишвар абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ, хусусан ИМА ва Русия, дар чаҳорчўбаи «бозиҳои» геополитикиашон байни худ «ҷангҳои омехта» мебаранд. «Ҷангҳои мухаддиротӣ», «ҷангҳои иттилоотӣ» ва ғайра, аз технология/абзори «ҷангҳои омехта» ба ҳисоб мераванд, ки дар марҳилаи кунунӣ дар Афғонистон амалӣ мегарданд ба кишварҳои минтақа сироят кардаанд.
«Бозингарони» минтақавии дигар ба монанди: Чин, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва ғайра, низ вобаста ба манфиаташон мустақилона ва ё дар иттиҳод бо ИМА ва Русия, ҳадафҳои геополитики худро дар ин кишвар пиёда менамоянд.
Метавон гуфт, ки имрўз Афғонистон ба як пойгоҳи асосии «ҷангҳои омехта» бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ, табдил ёфтааст. Раванди ташаккули вазъияти ҳарбӣ – сиёсии Афғонистон нишон медиҳад, ки абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ, вобаста ба манфиатҳои худашон дар Афғонистон, мавқеи мухталифи ба ҳам зидро доштанд ва имрўз ҳам доранд. Бинобар ин, эҳтимолияти барқарор гардидани сулҳу субот дар ин кишвар дар дурнамо, имконнопазир мебошад ва таҳдиду хатарҳои омехтаи аз ин кишвар бароянда дар оянда низ боқӣ мемонанд.
Вазъи сиёсии ҷаҳони муосир дар Паём ба таври зерин таҳлил гардидааст: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳамияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд.
Чунонки дар чандин суханрониҳои худ иброз намудам, кўшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархўрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрўз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурўҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерўҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад».
Ҷиноятҳои киберӣ, ки ба он дар Паём ишора гардидааст, низ яке аз технологияҳои/абзори “ҷангҳои омехта” ба ҳисоб рафта, асоси онро «киберҷангҳо» ташкил медиҳанд, ки асосан ба мақсади ғасби иттилооти дастрасиаш маҳдуди хусусияти сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодидоштаи кишвари мавриди назар, равон гардидаанд. Вобаста ба ин, мафҳумҳои нав ба монанди «киберҷосусӣ», «киберҷиноятҳо», «хакер» ва ғайра, зуҳур кардаанд. Ахиран ҳуҷумҳои зиёди “хакерҳо” ба объектҳои муҳими давлатамон (Вазорати маориф ва илм, сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса ва ғайра) ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рў, нигаронии Пешвои миллатамон аз таҳдиду хатари чунин технология/абзори “ҷангҳои омехта”, бесабаб нест.
Дар Паём ба маврид қайд гардидааст, ки гурўҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо пуштибонӣ меёбанд. Инро мо имрўз дар мисоли Афғонистон, Сурия, Ироқ ва минтақаҳои дигари доғи дунё равшану возеҳ мушоҳида менамоем. Дар Афғонистон дида мешавад, ки гурўҳи террористии ҷунбиши «Толибон» дар байни абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавии дар боло зикргардида тақсим шуда, аз ҳимояти онҳо бархурдоранд. Ба ин асос, дар байни онҳо ягон ҳамдигарфаҳмӣ ба назар намерасад. Ҳар як абарқудрат талош дорад, ки зерҳимояи худро ба саҳнаи сиёсии Афғонистон бикашад. Дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад инро мо дар пуштибонии Аврупо аз неруҳои мухолифи ПМТ (Паймони Миллии Тоҷикистон) дар раъси ТЭТ ҲНИ мушоҳида мекунем, ки ба муқобили кишварамон равона карда шудааст.
Дар Паём доир ба самти сеюм, яъне шиддат гирифтани таҳдиди хатарҳои ғайрианъанавӣ (терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи муҳаддир, ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ ва ғайра) ба амнияти миллии кишвар ва минтақа, низ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора гардидааст. Чунончи: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрўз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурўҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост».
Ба ақидаи мо, коҳиш наёфтани таҳдиду хатарҳои муосири ғайрианъанавии ҷаҳонӣ на танҳо боиси нигаронии ҷумҳуриамон, балки ҷаҳониён гардидааст. Соли 2018 қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, новобаста ба пешрафта ё ақибмонда будани он (ИМА, Фаронса, Русия, Британия, Эрон, Покистон ва ба монанди инҳо) амалҳои мудҳиши террористӣ сурат гирифтанд. Дар миқёси ҷумҳуриамон бошад, кушта шудани чор сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара пурсадотарин ба шумор меравад. Дар он даст доштани гурўҳҳои террористии ДИИШ/ДИ ва ТЭТ ҲНИ, ки нияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора пиёда кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро доранд, исботи худро ёфт.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромўш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанўз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд».
Бадхоҳони миллатамон воқеъан ҳам аз ниятҳои душманонаи худ алайҳи мардуми тоҷик даст накашидаанд. Имрўз аз хориҷ истода онҳо бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҷанги иттилоотӣ» — и густурдаеро роҳандозӣ намудаанд, ки он низ яке аз технология/абзори калидии «ҷангҳои омехта» ба ҳисоб меравад. Дар доираи чунин «ҷангҳои иттилоотӣ» ҳамарўза бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ «Паём. нет», «Ахбор. ком», «Ислоҳ нет», саҳифаҳои Фейсбук, Твиттер ва ғайра, мавҷи иттилооти ғаразноку тамоюлнок пахш карда мешавад, ки ба амнияти миллии ҷумҳуриамон ва минтақа таъсири манфӣ мерасонанд. Доир ба ин технология/абзори «ҷангҳои омехта», яъне «ҷангҳои иттилоотӣ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҳанўз бори аввал дар Паёми соли 2009 ишора карда буданд.
Қайд бояд кард, ки масъалаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки террористону қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳу одам барои содир намудани ҷиноятҳо аз он истифода менамоянд, ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад, зеро аксари ҷинояткорон баъд аз содир намудани амалҳои зиддиинсонии худ дар дохили кишвар, пеш аз ҳама кўшиш мекунанд, ки махфиёна аз тариқи хатти сарҳадӣ фирор намоянд ва ё аз хориҷ ба кишвар дохил шаванд. Қочоқчиёни ғайриқонунии маводи мухаддир аксарияти доду гирифт ва ҳисоббаробаркуниҳои хешро маҳз дар хатти сарҳадӣ анҷом медиҳанд. Бешак ин яке аз омилҳое мебошад, ки ба амнияти миллии кишвар ва минтақа таъсиррасон аст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллатамон чунин изҳор доштаанд: «Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад.
Дар ин замина, мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандўст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд. Танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қариб 1400 километрро ташкил медиҳад, зиёда аз 100 иншооти ҳифзи сарҳад ба фаъолият оғоз намуданд».
Дар қатори андешидани чорабиниҳои дахлдори фаврию ҷустуҷўйӣ дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, Пешвои миллатамон ба масъалаҳои дидани чорабиниҳои пешгирикунанда аз онҳо, бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории онҳо, низ таваҷҷуҳ намудаанд.
Доир ба маблағгузории терроризм ҳаминро қайд карданием, ки ягон террорист ё гурўҳи террористӣ бе маблағгузорӣ аз тарафи «фармоишгар», яъне шахс ё кишвари алоҳидаи манфиатдор, вуҷуд дошта наметавонад. Исбот шудааст, ки дар марҳалаи ҳозира қочоқи маводи мухаддир ба яке аз сарчашмаҳои муҳимми маблағгузории терроризми байналмилалӣ табдил ёфтааст. Сабаби асосии ба Афғонистон гузаштани ДИИШ/ДИ маҳз дастрасӣ пайдо кардан ба сарчашмаи маводи мухаддир мебошад.
Нуктаҳои мазкур дар Паём ба таври зерин инъикос ёфтаанд: «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад».
Ҳамзамон, Пешвои миллатамон дар Паём бори дигар ба масъалаи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар масъалаи муқовимат бо зуҳуроти номатлуби зикргардида махсусан таъкид намудаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, Қатъномаҳои Шўрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд.
Ба ин хотир, Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд».
Доир ба тамоми масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, ки дар Паём омадааст, ба вазорату идораҳои дахлдори қудратӣ вобаста ба салоҳияташон, супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, баҳри таъмини минбаъдаи амнияти миллии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ, чунин пешниҳодҳо аз манфиат холӣ нест:
1.Мувозинати сиёсӣ ва геополитикӣ бо абарқудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ дар ояндаи дуру наздик, бо риоя кардани эҳтироми манфиатҳои давлатӣ ва миллии ҳамдигар, идома дода шавад.
2.Иштироки фаъол ва самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз қабили: Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ИДМ ва ғайра, ки ҷумҳуриамон узви онҳо мебошаду дар онҳо масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир дар назар гирифта шудаанд, таъмин карда шавад.
3.Имконияти васеъ намудани ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами иқтисодӣ ва иҷтимоии худашон.
4.Таҳкими робитаҳои дутарафаи судманд ва бисёртарафаи кишварамон бо Афғонистон дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои дигари характери фаромиллидошта ба сатҳи баландтар бардошта шуда, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои азими дорои аҳамияти стратегӣ (КАСА – 1000 ва ғайра),ҳарчи зудтар рўйи даст гирифта шаванд.
Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР,
директори МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назрулло САНГИНОВ,
муовини сардори Раёсати МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон