Судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода: «Ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат ба асосҳои демократии рушди давлат тақвият мебахшанд»

Январь 3, 2019 09:06

ДУШАНБЕ, 03.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози аҳамияти фалсафию иҷтимоӣ ва мазмуну муҳтавои ҳадафманд на танҳо ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ, ҳамчунин ба тамоми мардуми кишвар муроҷиати сол ба шумор рафта, бо такя ба принсипи консти­тутсионӣ-демократии таҷзияи ҳокимият як шакли муҳими ҳамкории ҳокимияти қонун­гузор бо ҳокимияти иҷроия ва судӣ, инчунин дигар мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Ин нуктаро судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Даврон ҲОШИМЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.  

 

“Паём бо дарназардошти таҳлили вазъи  сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷти­моию фарҳан­гӣ, ҳуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқии сол ба шумор рафта, диду назари созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлатро оид ба афзалият ва самту шарт­ҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа ифода намуда, фарогири пешниҳодҳои мушах­хас марбут ба такмили низоми идораи давлатӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷод­кунӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад”, -афзуд Д. Ҳошимзода ва чунин илова намуд:

-Дар ҳар як Паёми хеш Пешвои миллат масъалаҳои калидии ҳаёти ҷомеаро матраҳ ва таҳлилу хулосабарорӣ намуда, барои амалишавии вазифаҳои давлати иҷтимоӣ, яъне фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат, тақвияти заминаҳои бунёдии ваҳдату суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ, рушди муносибатҳои байнал­милалӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва адолати судӣ масъалагузорӣ мекунанд.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба амалишавии прин­сипи демократии пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муаррифи кафолати озодиву амали­шавии ҳуқуқи шахс  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «… тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад. Бинобар ин, ҳар яки мороҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кул­ли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо».

Чунин нуктаи назари демократӣ ва моҳияти масъалагузории Пешвои миллат дар Паём шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори зинаҳои мухталиф танҳо бо мақсади риоя ва эҳтироми принсипи соҳибихтиёрии халқ ва таъмини иштироки бевосита ё бавоситаи халқ дар баамалбароии ҳокимияти давлатӣ равона гардида, ягон манфиат ва дороӣ наметавонад аз арзишҳои олии инсонӣ ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло бошад ва ё онҳоро халадор созад.

Бо дарки воқеияти ин нигоҳи одилонаю инсондӯстона ва халқпарварона имрӯз давлат ва ҷомеаи навини мо дар ҳоли рушду инкишофи бомаром қарор дорад, сазовори эҳтирому эътирофи ҷомеаи мутамаддин гардидааст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ мешаванд, уҳдадориҳои байналмилалӣ иҷро мегарданд, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд намуда, дар ҳаёти сиёсии мам­лакат фаъолона ширкат меварзанд, ки нишонаи муҳими суботу оромӣ ва рушди давлати демократист.

Бо назардошти аҳамияти таърихии волоияти қонуну риояи ҳуқуқ дар рушди давлатдории навин ва муҳимияти масъалаи он бояд гуфт, ки принсипҳои конститут­сионӣ бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ба миён оранд ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба воя расонанд. Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, фаҳмонда­диҳии мазмуну муҳтавои онҳо ба аҳолӣ ва дарки афзалияти он дар фазои ҳуқуқии кишвар мунтазам татбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Бо такя ба муқаррароти Конститутсия 9 апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волои­яти қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул гардид. Бо мақсади татбиқи амалии ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 августи соли 1997 қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳр­ван­дон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ба тасвиб расид.

Бобати таҳкими минбаъдаи раванди демократику­нонии ҷомеа, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ба ин восита таъмини фазои демократӣ дар кишвар 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷараёни демократику­нонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ карда шуд.

Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда  барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстию эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонун­ҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, алалхусус ҷавонони мамлакат мусоидат намуданд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Парлумон низ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолиро омили асосии бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун номида, аз ҷумла зикр доштанд: «Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 20092019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад».

Дурнамои иқдоми наҷиби Сарвари давлат дар ин самт барои такмили дониш­ҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расонидани насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулият­шиносию ватан­дӯстии онҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, таъмини фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон дар идораи давлатӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин бархурдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститут­сионии худ мусоидат мекунад.

Дар амалишавии асосҳои бунёдии давлати демократӣ, пеш аз ҳама, таъ­мини ҳифзи судии ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, таш­килоту муассисаҳо ва қонунияту адолат нақши созгор доранд.

Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро мустақил эълон дошта, кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои шахсро тавас­сути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ намудаанд.

Ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз солҳои аввали соҳибисти­қлолии кишвар ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ бомаром роҳандозӣ гардида, асосҳои ҳуқуқӣ таҳким ёфтанд, риояи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ таъмин шуд ва ҳокимияти судӣ рушду инкишоф ёфт.

Дар як муддати кӯтоҳ дар асоси амалишавии ҳадафҳои Паёмҳои қаблӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, 3 январи соли 2011 ва 5 январи соли 2015 се барномаи мукаммали ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 қабул ва давра ба давра амалӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, амалишавии барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои тақвияти ҳокимияти судӣ, қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, сифтан хубтар шудани фаъолияти касбии судҳо, беҳтар кардани шароити моддиву маишии судяҳо ва муҳимтар аз ҳама, барои афзудани боварии мардум ба адолати судӣ, ки тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба амал бароварда мешавад, заминаи мусоиди ҳуқуқию воқеӣ гузоштанд.

Бо мақсади рушди минбаъда ва боз ҳам тақвият ёфтани ҳокимияти судӣ  Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ изҳор доштанд, ки «пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд».

Дар ҳамин радиф, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро вазифадор гардиданд, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия намоянд.

Қабул ва татбиқи барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷо­нибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муас­сисаҳо, дигар ташкилотҳо ва такмили сохтори судӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ мазмуну моҳияти Паёми Сарвари давлат саршор аз ҳадафҳои созандаву бунёдкорона буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро бо дарназардошти вазъи геосиёсии минтақаю ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муайян мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ барои татбиқи вазифаҳои дар Паём гузошташуда саъю талош намуда, барои пешрафти давлату ҷомеаи озоду демократиамон саҳмгузор бошад.

Январь 3, 2019 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент