ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 январ, чоршанбе, 16-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 16, 2019 08:00

16 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

4 сол пеш, 16 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва  Иттиҳодияи  корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуданд.

16 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Таиланд – Рӯзи омӯзгор.

***

Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.

***

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.

 РӮЙДОДҲО:

16 январи соли 2009 дастаи «Регар»-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика» аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

***

16 январи соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» баррасӣ гардид.

***

4 сол пеш, 16 январи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки   ҷилди сеюми «Энсиклопедияи миллии тоҷик» бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

***

16 январи соли 2016 Бонки осиёӣ- инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

***

Дар ин рӯзи соли 2016  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо сабаби вазъияти баамаломада дар вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолияти консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундузи Афғонистон муваққатан боздошта шуда, дар сурати ором шудани вазъият дубора оғоз хоҳад шуд.  Ин иқдом ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундуз ба роҳ андохта шуд.

***

16 январи соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

***

 Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 16, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст