ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 январ, панҷшанбе, 17-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 17, 2019 08:00

17 январи соли 2014  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

***

8 сол пеш, 17 январи соли 2011 сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон (http://taj​embaz.tj/)​ фаъол гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва аввалин бор дар ин сол ҷаласаи Камиссияи ҳамкории иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия, Сафири Тоҷикистон дар  Россия Имомуддин Сатторӣ роҳбарӣ намуд.

 17 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон.

РӮЙДОДҲО:

17 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро тасдиқ карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дастаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21), бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар доираи мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод», ки аз 16 то 26 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастаи Қазоқистон вохӯрӣ намуд.

***

99 сол муқаддам, 17 январи соли 1920 дар Россияи Шӯравӣ расман ҳукми қатл бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1950 Ҳизби коммунистии Боливия таъсис дода шуд.

***

17 январи соли 1995 дар шаҳри Кобеи Япония дар пайи зилзилаи шадид зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази коркарди миллӣ кушода шуд.

***

Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд филиали КВД «Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ» ифтитоҳ гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Январь 17, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш