ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 январ, сешанбе, 22-юмин рӯзи соли 2019 аст

Январь 22, 2019 08:00

22 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд.

 22 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

***

Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

 РӮЙДОДҲО:

 22 январи соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро «Ҷамъияти пушкинӣ»- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони россиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.

***

22 январи соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

***

5 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

22 январи соли 2002 шумораи муштариёни ширкати «Мегафон» ба як миллион нафар баробар шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

***

 Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 22, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш