Ташрифи сайёҳон ба Муъминобод ду баробар афзуд

Январь 12, 2019 10:53

 МУЪМИНОБОД, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 ба ноҳияи Муъминобод ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ду баробар афзоиш ёфт, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани кори мутасаддиён дар самти қабули сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин сол дар ноҳия хатсайрҳои нав ташкил карда шуда, харита ва буклету шиносномаҳо чоп гардиданд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛОВ.

Тавре  масъули бахши сайёҳии ноҳия Сафаралӣ Фозилов иттилоъ дод, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи мазкур ҳунармандон дар ҷамоатҳои деҳот, маркази ноҳия ва дурдасттарин деҳаҳо марказҳои касбомӯзӣ ташкил намуда, садҳо нафар ҷавононро ба омӯзиши чакандӯзию қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, дуредгарию оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо ҷалб карданд.

Ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қасри фарҳанги ноҳия доир гардид ва ҳунармандон маҳсули ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд. Ҳунармандон аз дастгириҳои Роҳбарияти олии ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор хоҳанд шуд.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод, муаррих Раҷабалӣ Табарзода, мудири бахши кор бо занон ва оила ва масъули бахши сайёҳии ноҳия сухан гуфта,  соли 2018- ро барои сокинони ноҳияи Муъминобод соли бобарор унвон карданд.

Гуфта шуд, ки дар ин сол шумораи истеҳсолкунандагон афзоиш ёфта, дар ин замина сатхи зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ташкили хатсайрҳои нав, муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва гӯшаҳои зебо ин ноҳияи кӯҳистони мамлакатро ба ҷаҳониён ошно намуд.

Дар ҳамоиш ба як гурӯҳ ҳунармандон ва фаъолони ноҳия, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тарғиби сиёсати давлату ҳукумат пешбурди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд, ифтихорнома ва тухфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши кор бо занон ва оила супорида шуданд.

Ҳунармандони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки тайи солҳои 2019-2021 дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ саҳми назаррас гузоранд.

Январь 12, 2019 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд