ВАЗЪИ ГЕОСИЁСИИ ҶАҲОН ТАЛАБ МЕКУНАД, КИ ҲУШЁР БОШЕМ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 12, 2019 10:06

ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷангҳо дар таърихи инсоният таъсири бузург расонида, ҳатто нақши назаррасеро бозӣ намудаанд — аз ин хотир генерал-майори немис К. Клавзевитс бар он ақида буд, ки таърихи инсоният ин таърихи ҷангҳост», — иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аспиранти Институти фалсафа, сиёсатштиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Шодӣ ШЕРОВ.  Ӯ ҳамчунин гуфт:

Мояи ифтихор ва хушнудист, ки мо имрӯз дар фазои истиқлол ва амнияту осудагии ҷомеа умр ба сар мебарем. Кулли шаҳрвандони даврони истиқлолро мебояд, ки ин неъмати бебаҳоро қадр ва ҳифз намоянд, зеро нооромии ҷомеа на танҳо зарар ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, балки як таҳдидест ба ҳаёти худи инсоният ва ояндаи он.

Аз як ҷониб низоъҳо сабаби пешравии соҳаи ҳарбӣ ва технологияи имрӯза гаштаанд, вале аз ҷониби дигар инсоният барои нестшавии худ хатар эҷод намудаанд. Дар раванди ҷангҳои дохилӣ (шаҳрвандӣ), минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз замони пайдоиши инсоният то имрӯз, яъне ҷомеаи муосир таҳдид ба ҳаёти миллионҳо одам ва ё сабаби аз байн рафтани шумораи зиёди одамон гаштааст.

Бояд зикр намуд, ки низоъҳоеро, ки тӯли таърих онҳоро инсоният пушти сар гузоштааст, ё моҷароҳое, ки 100 соли охир ба қайд гирифта шудаанд, дар шакли маҳдуд ё дар давраи худ вобаста ба шароиту имкониятҳо ва дар сатҳи инкишофи илми ҳарбӣ ё техналогияи ҳамон давраи сипаришуда тасаввур кардан зарур аст. Аммо ҷангҳои замони муосир аз моҷароҳои гузашта ба куллӣ фарқ менамоянд. Зеро низоъҳои сипаришудаи замони қадим, асрҳои миёна тариқи камонғӯлак, асрҳои эҳё таввасути яроқу аслиҳаҳои оташфишон сурат гирифтанд. Ҷангҳои замони муосир, ки миёни давлатҳои абарқудрат дар майдони давлатҳои алоҳида сар задаанд (Сурия, Ироқ ва ғ.), аз ҷиҳати таъминоти технологӣ хеле касбӣ мебошанд. Яке аз сабабҳои боздорандаи ҷанги сеюми ҷаҳон маҳз ба вуҷуд омадани яроқи ҳаставӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷангҳои силоҳи ҳастаӣ ба нестшавии ҳаёт дар сайёра таҳдид мекунанд.

Аз ҳамин хотир субъектҳои геосиёсиро мебояд, ки ба ин навъи таҳдид таваҷҷуҳ намоянд ва нагузоранд, ки ин гуна хатоҳо рух диҳанд. Зеро Энштейн зикр менамояд, ки «ман ҷанги сеюми ҷаҳониро тасаввур карда наметавонам, аммо ҷанги чоруми ҷаҳониро тасаввур мекунам. Ин ҷанг тариқи олоти қадима (калтак) рух хоҳад дод». Яъне дар сурате, ки агар ҷанги сеюми ҷаҳон рух диҳад, онро мо ҷанги ҳастаӣ меномем. Зеро байни давлатҳои дорои силоҳи ҳастаӣ бархӯрд сурат мегирад ва ояндаи кулли башарият дар ҳолати номуайянӣ қарор мегирад. Касоне ки дар ин раванд боқӣ мемонанд, онҳо ба тафаккури хеш ҳазорсолаҳо бар нахоҳанд гашт.

Аз тарафи давлатҳои аъзои Шартнома дар бораи паҳн нагардидани яроқи ядроӣ (ДНЯО) 1 январи соли 1967 дар он хусус қарор қабул гардид, ки паҳн кардани ин навъи силоҳ манъ карда шавад. Ҳамчунин тавофуқ ҳосил шуд, ки дигар аз ҷониби ин гуна давалатҳо озмоиш гузаронида нашавад. Зеро дар натиҷаи паҳн кардани ин гуна силоҳ ва ба дасти гурӯҳҳои террористӣ афтодани онҳо тақдири сайёра бо чӣ меанҷомад, тасаввур ношуданист.

Аз ин хотир субъектҳои геосиёсиро мебояд, ки тамоми масъалаҳоеро, ки дар арсаи байналмилалӣ миёни онҳо рух медиҳанд, тариқи гуфтушунид, музокирот ва бо роҳҳои осоишта ҳал намоянд, дар сурати ғайр ин ба нестшавии олам оварда мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ки як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки тамоми масъалаҳоро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бо роҳи маслиҳатомез ҳал кунад. Дар ин самт ҷумҳурии мо мавқеи худро аз тариқи музокирот ва созиш нишон медиҳад.

Аз ҳамин сабаб дар раванди ҷаҳонишавии олам тақсимоти ҷаҳонӣ ҳоло ҳам идома дорад. Барои давлатҳои навъи миллӣ муҳим он аст, ки манфиатҳои миллии худро ҳифз намоянд. Барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон бояд баланд бошад. Мисле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми тозаи худ ба тамоми шаҳрвандон ва хосатан ба ҷавонон таъкид намуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро кишвари мо низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванд аз хатару таҳдидҳои олами мутамаддин дар канор намемонад ва ҳама вақт тарафдори бо роҳи осоишта ва музокирот ҳал кардани проблемаҳои ҷаҳонӣ буда, мавқеи худро нишон медиҳад.

Январь 12, 2019 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд