ҶАШНИ БАҲОР. 5 феврал Соли нави чинӣ таҷлил мегардад. Ин чӣ ҷашн аст, чӣ гуна ва чаро дар Чин таҷлил мешавад? Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш омода намуд

Февраль 5, 2019 11:38

ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /НИАТ «Ховар»/. Шаби 4 ба 5 феврал фарорасии Соли нави чинӣ ё худ Ҷашни Баҳор (Chinese New Year, Spring Festival, , 过年) таҷлил карда мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад.

Соли 2019 аз рӯи солшумории шарқӣ соли хук аст.

Соли нави чинӣ муҳимтарин ҷашн дар Чин буда, санаи таҷлили он аз рӯи солшумории қамарӣ муайян карда мешавад. Соли 2019 он ба рӯзи 5 феврал рост меояд. Дар робита ба фарорасии Ҷашни Баҳор аз 4 то 10 феврал дар Чин расман рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидаанд.

Анъанаҳои астрологии чинӣ мустақилона пайдо шудаанд. Мо соли навро 31 декабр — 1 январ ва инчунин 21 март (дар рӯзҳои фарорасии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ) таҷлил мекунему чиниҳо каме дигартар. Дар Чин аз қадим оғози давра мавқеи сайёраҳои Муштарӣ ва Ҷадӣ қабул карда мешуд. Солшумории чинӣ ин мувофиқати фаъолнокии қамарӣ ва шамсӣ буда, рӯзҳои аввалу охири ҳар сол ба санаҳои гуногун рост меоянд. Агар мо ҳар чор сол ба моҳи феврал як рӯз илова кунем, он гоҳ чиниҳо барои баробар кардани давраи моҳонаи қамарӣ бо солшумории шамсӣ ба ҳар ҳафт сол як моҳ изофа мекунанд. Соли нави чинӣ дар рӯзи нахустини якумин Қамар оғоз меёбад.

Анъанаҳои Чин аз анъанаҳои мо фарқ мекунанд ва бо ғайриодӣ ва аслӣ буданашон касро ба ҳайрат меоранд. Фурсати донистани он фаро расид, ки соли 2019 дар Чин чӣ гуна таҷлил мешавад ва ин бор чиниҳо моро бо чӣ ба ҳайрат мегузоранд?

Соли нави чинӣ кай аст?

Бар асоси солшумории қамарӣ, ин ҷашн рӯзи муайян надорад ва он ҳамасола тағйир меёбад, вале тибқи солшумории григорианӣ асосан ба рӯзҳои аз 21 январ то 20 феврал рост меояд. Солшумории қамарӣ ҳамчунин давраи бурҷи дувоздаҳгонаи шарқиро муайян мекунад ва ҳар сол ба ягон ҳайвон тааллуқ дорад.

Кадом сана ва соати чанд Соли нави чинӣ таҷлил карда мешавад?

Соли нав аз рӯи солшумории шарқӣ 5 феврал соати 02:03 ба вақти Душанбе ё 05:03 ба вақти Пекин фаро мерасад. Ин вақт ҳамчун оғози Соли нав аз рӯи солшумории шарқӣ ба ҳисоб меравад ва тааҷҷубовараш он аст, ки на соли 2019, балки соли 4717-ро истиқбол мегирем.

Фестивал 15 рӯз идома мекунад.

 Рамзи соли 2019 чист?

Ҳар сол дар Чин аз рӯи мувофиқате, ки танҳо ҳар 60 сол такрор меёбад, рамзгузорӣ мешавад. Ҳар чунин давраи 60-сола аз Муши чӯбин оғоз шуда, бо Хук ё Хубони обӣ анҷом меёбад. Ин мувофиқат аз 12 мучали ҳайвонии ранги муайян, ки ба яке аз панҷ унсур (об, замин, металл, оташ ва дарахт) мутобиқанд, иборат мебошад. Рамзи Соли нави чинии 2019 (4717) Хук ё Хубон ва унсури Замин буда, ранги асосии сол зард мебошад. Чунин Соли нав соли 1959 буд.

Февраль 5, 2019 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд