Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир дар деҳоти дурдаст меҳмонхонаҳои муосир бунёд мекунад
ХОРУҒ, 6.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Як сокини ноҳияи Мурғоб бо аҳли хонаводааш дар маркази ноҳия дӯкони ҳунармандӣ кушодааст, ки дар он на танҳо маҳсули ҳунари дастони онҳо фурӯхта мешавад, балки дигар ҳунармандони ноҳия низ маҳсулоти худро барои фурӯш ба ин дӯкон месупоранд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2018 се соли ояндаро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда, изҳор доштанд, ки «мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад».
Дар робита ба ин ва ҷиҳати татбиқи ин пешниҳод Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир дар ҳамкорӣ бо бахшҳои давлатию хусусӣ дар деҳоти дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меҳмонхонаҳои хурди мутобиқ ба шароити муосир бунёд хоҳад кард. Дар назди ин меҳмонхонаҳо дӯконҳои маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ низ кушода мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2018, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, тавассути фароҳам гардидани шароити мусоид барои инкишофи ин соҳаи муҳиму сердаромад шумораи довталабони ташкили ширкатҳои сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд гардид.
Масъули Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир Мирзо Мирзоев гуфт, ки «соли гузашта зиёда аз 15 нафар шахсони воқеӣ ҳуҷҷатҳои худро барои сабти ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод карданд. Аммо аз миёни онҳо танҳо 6 барнома ва оиннома пазируфта шуданд. Ҳамчунин ширкатҳои мазкур ба узвияти Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангӣ қабул шуданд. Сабти ном шудани боз 6 ширкати сайёҳӣ маънои онро дорад, ки соли равон боз даҳҳо нафар аз ҷавонони маҳаллӣ соҳиби шуғлҳои гуногун гардида, ҳам сатҳи зиндагии хонаводаи худро боло мебаранд ва ҳам буҷаи маҳаллиро ғанӣ месозанд. Ҳоло ассотсиатсияи мо 23 аъзо дорад».
Бояд зикр кард, ки соли 2018 дар бахши сайёҳии вилоят рӯйдодҳои хотирмон ба амал омаданд. Яке аз ин дастовардҳо дар озмуни сайёҳии Германия ба феҳристи сад мавзеи диданбоби ҷаҳон шомил гардидани кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ва шоҳроҳи Кӯлоб –Қалъаихум-Дарвоз- Хоруғ- Қулма мебошад.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






