ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БО КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР ТАМОС ШУД? Ба ин савол зимни нишасти матбуотӣ раиси ин ниҳод Рустам Назарзода посух гуфт
ДУШАНБЕ, 07.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ 167 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуда, 23-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат хисороти моддӣ расониданд. Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ дар қаламрави мамлакат 50 хонаи истиқоматӣ зарар диданд, ки 29-тояш пурра ва 21-тояш қисман вайрон гардиданд. Маблағи умумии хисороти ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат расида 34 миллиону 249 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки ба ҳамаи шаҳрвандон рақамҳои телефони ёрии таъҷилӣ, милитсия, хадамоти оташнишонӣ маълуманд, вале бисёриҳо телефони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро намедонанд.
«Кормандони мо бо ҳамаи нафароне, ки бо ин ё он восита дар таъмини бехатарии шаҳрвандон алоқамандӣ доранд, ҳамкории густурда ба роҳ мондаанд. Мо ҳамеша барои расонидани кумак омодаем»,-илова намуд Рустам Назарзода.
Ба саволи хабарнигорон оид ба мавҷуд будани рақами ягона дар саросари ҷумҳурӣ, ки шаҳрвандон зимни ҳолатҳои фавқулода ба он дар тамос шуда тавонанд, мавсуф гуфт, ки дар ин ҳолатҳо сокинони шаҳри Душанбе метавонанд бо рақами 122 дар тамос шаванд.
«Ҳоло мо дар самти пайваст намудани ноҳияҳои тобеи марказ ба рақами ягона кор бурда истодаем. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қисмҳои навбатдории мо фаъолият мекунанд, ки рақамҳои онҳо дар сомонаи расмии кумита (http://www.khf.tj/) гузошта шудааст», — илова намуд Рустам Назарзода.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






