Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллӣ пуршукӯҳ таҷлил гардид

Февраль 23, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз  ҷузъҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими Артиши миллиро ташкил медиҳад,  бахшида ба  26 –умин солгарди  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.  Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори гвардия Бобоҷон Ҷамолзода собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳайати шахсиро табрик намуда, аз дастоварду муваффақиятҳои Артиши миллӣ ёдовар шуд.

Дар ин раванд мавсуф саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъсис ва такмили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир арзёбӣ намуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз ҷумла Гвардияи миллӣ давра ба давра такмил ёфта,  ба ниҳоди неруманд ва сохтори бонуфузи қудратӣ табдил ёфтааст. Қисмҳои ҳарбии он дар гӯшаву канори Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳайати шахсияш дар радифи дигар сохторҳои қудратии кишвар барои ҳифзу ҳимояи Ватан, таъмини амнияту таҳкими истиқлолият ва иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ содиқона хизмат менамоянд. Сафҳои онро ҷавонони ватандӯсту қавиирода, афсарони лаёқатманди касбӣ пурра гардонидаанд. Барои таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш собиқадорони хизмати ҳарбӣ аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ, зина ба зина такмил ёфтан ва дастоварду комёбиҳои он сухан карданд. Бо қаноатмандӣ ва ифтихор аз ҳаёти осоиштаву Тоҷикистони обод ҷавононро ба хизмати софдилона даъват намуда, таъкид карданд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити хуби таълиму тарбия ва хизмат дар сафҳои артишро муҳайё намуда, таъминот бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, амволу лавозимоти ҷангӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷавонони далеру ғаюр имкон доранд, ки дониш, маҳорати касбии хешро сайқал дода, ба нафъи Ватану миллат содиқона хизмат намоянд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардия барои нишондиҳандаҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорнома тақдим гардида, гурӯҳи дигар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 23, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд