Дар шаҳри Хуҷанд Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид

Февраль 23, 2019 11:12

ХУҶАНД, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дирӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивал–озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид.

Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, шуъбаи фарҳанги вилоят, собиқадорони Артиш, афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди вилоят иштирок намуданд.

Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал бо ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он дастаҳои қисмҳои низомӣ аз рӯйи номинатсияҳои хорсароён ва композитсияи адабӣ сурудҳои ватандӯстона манзур карданд.

Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни фестивал афсарону сарбозонро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки Артиши миллӣ дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзҳои аввали таъсис чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи ваҳдату якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Дар интиҳои озмун ва натиҷаи баҳогузории ҳакамон ҷойи аввалро афсарону сарбозони қисми низомии 3501, ҷойи дуюмро қисми низомии 01972 ва мақоми сеюмро қисми низомии 0235 ба даст оварданд. Ғолибон ва иштирокчиени фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин дар ин рӯз бо ибтикори мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо ҳузури аскарону афсарони қисми низомӣ ва намояндагон аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни он барои ҳайати қисми низомӣ дастархони идона густурда шуда, барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардид.

Февраль 23, 2019 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд