Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид

Февраль 27, 2019 11:32

ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади истифодаи таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳие, ки ба муштариён маҷмўи хизматрасониҳоро таъмин менамояд, дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ҶДММ «Бунёд-Тур» Сертификат-армуғони сайёҳиро роҳандозӣ намуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳи ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сертификат-армуғони сайёҳӣ ин василаи муосири қадрдонӣ ва ё ҳавасмангардонӣ буда, барои рушди муносибатҳо дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва шахсӣ яке аз беҳтарин туҳфаҳо арзёбӣ мегардад.

«Сертификати мазкур бо арзиши нишондодашуда ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки аз дафтари кории ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо роҳхати сайёҳӣ дастрас намояд. Инчунин, дорандаи Сертификати мазкур ҳуқуқ дорад, ки баробар бо арзиши Сертификати мазкур ё ин ки баробар ба маблағи якчанд Сертификат роҳхати сайёҳӣ (ройгон) ба самти дилхоҳ дастрас намояд; дар сурати интихоби хатсайри гаронарзиш (нисбат ба арзиши Сертификат), фарқияти арзиши муқарраршударо пардохт намуда, роҳхати дилхоҳашро ба даст орад; самт/ҷой, вақт, тарз ва муҳлати саёҳатро интихоб намояд; сертификати бадастовардаро ба ҳар шахси дилхоҳ, ки қобилияти истифодабарӣ дорад, тақдим кунад», — илова намуд манбаъ.

Шартҳои дигари дастрас намудан ва истифодаи Сертификат дар он дарҷ карда шудааст.

Сертификат-армуғони сайёҳӣ ҳамчун василаи қадрдонӣ/ҳавасмангардонӣ ба гурӯҳҳои зерин хос мебошад:

  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои варзишӣ — ҳамчун туҳфа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ ва дигар озмуну ҷашнҳо;
  2. Аъзои оила — туҳфа ба шахсони наздик дар мавриди ҷашнвораҳо: зодрӯз, тӯй, идҳои баҳорӣ ва ғайра;
  3. Маъмурияти ташкилоту муассисаҳо — ҳавасмандгардонии кормандон зимни муваффақиятҳо, ба синни нафақа расидан, мукофотпулӣ барои рухсатӣ ва ғайра;
  4. Бахши хусусӣ — ҷиҳати ҷалби муштариён бо роҳи ҳавасмандгардонӣ, туҳфа зимни ташкили озмунҳо, тахфифҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра.

Ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» Сертификат-армуғонҳои худро аз рӯи 7 номинал ба амал мебарорад:

Сертификат бо арзишҳои 300, 500, 1000, 3000, 5000 ва 10000 сомонӣ.

Сертификати махсус — муштариён ва ё ташкилоту муассисаҳо вобаста ба имкониятҳои худ ва бо арзиши муносиб/дилхоҳ метавонанд Сертификат-армуғони махсус фармоиш диҳанд. Сертификати мазкур, ҳамчунин метавонад суроғавӣ бошад, аз ҷумла «Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Душанбе», «Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Хуҷанд» ва ғайра.

Февраль 27, 2019 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ