ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Шумораи ҷашнии маҷаллаи «Родмардони Ватан» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 23.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ шумораи ҷашнии маҷаллаи ҳарбию ватанпарастии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Родмардони Ватан» ба нашр расид.
Дар нашри ҷашнии маҷаллаи «Родмардони Ватан» гузоришу мақолаҳо аз дастовардҳои афсарону сарбозони шуҷои Гвардияи миллӣ дар самти тайёрии ҷангӣ ва фаъолияти ин сохтори қудратии мамлакат ҷой дода шудаанд. Инчунин мақолаҳои «Паёми Президент –кафолати зиндагии шоиста», «Роғун ҳадафи стратегии кишвар» ва дигар гузоришу лавҳа аз ҳаёти сарбозону афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шеърҳои ватандӯстона муҳтавои маҷаллаи ҷашнии «Родмардони Ватан»-ро мукаммал гардонидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зарфи 26 соли фаъолият дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, пойдории давлат, таъмини амнияту зиндагии осоишта ва суботи ҷомеа вазифаҳои пуршараф иҷро намудаанд.
Мусаллам аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар таъсис дода шуда, аз санҷишҳои шадид гузашта, давра ба давра такмил ёфт. Батадриҷ дар ҳайати он сохтор ва навъҳои гуногуни қӯшун таъсис дода шуд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Тоҷикистон неруи тавонову разманда аст. Таҳаввуллоти замон, таҷрибаи сулҳофар ва рӯҳияи ватанхоҳии сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Артиши миллиро ба сипари боэътимоди давлату миллат табдил дод.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рукни асосӣ ва хеле муҳими Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳайати шахсии он дар пойдории аркони давлат ва ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Хизматҳои шоистаи афсарону сарбозони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин замина таъминоти моддиву техникӣ, шароит ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол беҳтар шуда истодааст, ки аз фазои сулҳу амният ва файзи истиқлоли мамлакат сарчашма мегирад.
Марзия САИДЗОДА ,
АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






